Дар АНМН маросими расмии шиносоӣ бо афсари алоқаи ХДНМН баргузор гардид

Март 14, 2016 17:16

Душанбе, 14.03.2016 (АМИТ «Ховар»).- Бо мақсади тақвият бахшидан ба фаъолияти мақомоти салоҳиятдори Қирғизистон ва Тоҷикистон оид ба пешгирӣ намудани интиқоли маводи нашъаовар тавассути сарҳади ду кишвар, ҳамкорӣ дар соҳаи пешгирии суиистеъмоли маводи нашъаовар, инчунин таҳияи қарордод байни ХДНМН Қирғизистон ва АНМН ҶТ, аз тарафи Хадамоти давлатии назорати маводи нашъаовари назди Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон майори хадамоти назорати маводи нашъаовар Бозорбоев Нурланбек Олтинбекович намояндаи мухтори (афсари алоқаи) ХДНМН Қирғизистон дар назди АНМН назди Президенти ҶТ таъйин гардид.
14 марти соли 2016 дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ маросими шиносоии афсари алоқаи ХДНМН ҶҚ ба ҳайати роҳбарикунандаи дастгоҳи марказии Агентӣ баргузор гардид.
Муовини якуми директори агентӣ Самад Зафар зикр намуд, ки таъйин намудани афсари алоқа имкон медиҳад, ки ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ боз ҳам пурзӯр карда шавад.
Афсари навтаъйиншудаи алоқа Н. Бозорбоев бо раёсатҳои роҳбарикунандаи агентӣ шинос гардид.

Март 14, 2016 17:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Бахшида ба Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст