Дарвоз: Ағбаи Хобурубот боз шуд
Дарвоз 16. 03. 2016. (АМИТ «Ховар»).- Роҳсозони муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Дарвоз бо истифода аз иқлими мусоид имкон пайдо намуданд, ки роҳи мошингарди ағбаи Хобуруботро имсол барвақт боз намоянд. Сардори муассисаи нигаҳдории ноҳия Сулаймон Муллоёров гуфт, ки дар гузашта баландии барф то ба якуним метр мерасид ва роҳи ағбаро то охири моҳи май баста нигоҳ медошт.
Баъди боз кардани роҳи мошингард аз тариқи ағбаи Хобурубот акнун роҳсозон ба ҳамвор кардани роҳи Душанбе-Кӯлоб-Қалъаи Хум дар километри 347- ум машғуланд. Ин қитъаи роҳ соли гузашта бар асари ҷорӣ шудани сел вайрон шуд ва мошинҳои боркашу мусофирбар ба душворӣ ин роҳро тай менамоянд. Ҳоло роҳсозон ба ин қитъаи роҳ механизмҳои пуриқтидорро интиқол дода, кӯшиш доранд ҳарчи зудтар онро ҳамвор намоянд.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






