Идомаи тантанаҳои наврӯзӣ дар Норак
Норак, 30.03.2016.(АМИТ «Ховар»).-Чорабиниҳои ҷашнӣ бахшида ба таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Норак ҷараён дошта, ба муносибати ҷашн 8 фаъоли корхонаю муассисаҳо бо ифтихорномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр сарфароз гардонида шуда, ба 4 собиқадори меҳнат туҳфаҳои пулии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят тақдим гардиданд.
Барномаи театрикунонидашудаи бахши фарҳанги шаҳр тараннумгари расму оинҳои наврӯзӣ буд.
Боиси зикр аст, ки аз ҷониби бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар рўзи таҷлили ҷашн дар наврўзгоҳ мусобиқаҳои варзишӣ, аз қабили бандкашӣ, гирдбардорӣ ва дастхобонӣ доир гардиданд.