Машқҳои муштарак-кафили амният

Март 9, 2016 18:34

Душанбе, 09.03.2016. (АМИТ «Ховар»). — Дар асоси супориши Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тибқи Нақшаи муштараки маҷмўи чорабиниҳои асосии  Қувваҳои Мусаллаҳ барои соли 2016  дар ҳудуди вилояти Хатлон бо ҷалби сохтору мақомоти давлативу қудратии ин  гарнизон ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ, машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ ва маҷмўи машқҳои муштараки амалиётӣ-стратегии зиддитеррористӣ, бо тирпаронии ҷангӣ баргузор мегардад, ки дар он наздики 50 ҳазор нафар ҷалб карда мешаванд.

Сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи кишвар полковник Фиридун Маҳмадализода ба АМИТ “Ховар” иттилоъ дод, ки омодагӣ баҳри ташкилу ба роҳ мондани машқҳои муштарак аз 9-уми март оғоз гардида, чор марҳилаи асосии багузорӣ ва даври ниҳоии он аз 15 то 20-уми марти соли 2016 дар машқгоҳҳои ҳарбии “Ҳарбмайдон”, “Ҳомиён”, “Сумбула”, “Ҳалқаёр” ва “Лоҳур” пешбинӣ гардидааст.

Илова бар ин, дар доираи машқҳои мазкур, бори аввал Пойгоҳи 201-уми ҳарбӣ бо ҷалби қувва ва воситаҳои иловагии Ҳавзаи марказии ҳарбии Федератсияи Россия барои амалан санҷидани вазифаҳои ҷангӣ дар он ширкат менамоянд. Аз ин рў, ба маҷмуи машқҳои муштараки васеи низомӣ наздики 50 ҳазор нафар ҷалб гардида, аз ин шумора наздики  ду ҳазор нафарашонро хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Федератсияи Россия ташкил медиҳанд.

Дар баробари ҷалби наздики 50 ҳазор ҳайати шахсӣ дар гарнизони Хатлон инчунин ба маҷмўи машқҳои муштараки амалиётӣ-стратегии зиддитеррористӣ беш аз 950 адад техникаҳои зиреҳпўши ҷангӣ, артиллериву автомобилӣ, 20 адад ҳавопаймоҳҳои ҷангиву нақлиётии бомбаандоз, қиркунанда, авиатсияи дурпарвоз, 12 адад чархболҳои мухталифи ҳарбиву нақлиётӣ ва дастгоҳҳои парвозкунандаи бесарнишин  истифода мегарданд.

Дар доираи баргузории машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ ва ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ дар 25 шаҳру навоҳии гарнизони Хатлон ситод ташкил гардида, захираи эҳтиётии даъватшавандагон, шаҳрвандони дар қайди комиссариатҳои ҳарбӣ қарордошта, техникаҳои хоҷагии халқ ва дигар лавозимоте, ки барои баргузории маҷмўи ин чорабинии низомӣ заруранд, истифода мегарданд.

Ҷараёни баргузории тамоми амалиёти сохтору мақомоти ба машқҳо ҷалбгардида ва омӯзиши мавзўъҳои ба он пешбинишуда, аз ҷониби Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон идора карда мешавад.

Ҳадафи баргузории маҷмӯи машқҳои муштараки амалиётӣ- стратегӣ ва ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ, дар ҳудуди гарнизони Хатлон ин сайқал додани таҷрибаи ҳайати шахсии ширкаткунандагони машқҳо дар ташкили амалиёти муваффақонаи ҷангӣ, ҳамоҳангии сохторҳои низомии мамлакат дар сурати ба вуқўъ пайвастани хатарҳои эҳтимолӣ, санҷиши дурусти дастаҳои амалиётӣ-тактикӣ, вусъат додани қувва ва воситаҳои минтақаҳои мудофиаи ҳудудӣ, баланд бардоштани омодагии рўҳиву равонӣ, қобилияти ҷангиву ҷисмонӣ ва сафарбарии қўшунҳо дар самти доир кардани унсурҳои мухталифи ҷангии зиддитеррористӣ дар минтақаҳои сарҳадӣ, шароити дашту саҳро ва куҳистони ҳудуди ҷумҳуриро дар бар мегирад.

Март 9, 2016 18:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкории амниятиро барои муқовимат ба таҳдидҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми Осиё ва Уқёнуси Ором дар Филиппин иштирок намуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид
ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад