Меҳмонони Ҳамоиши адибони ҳавзаи Наврӯз дар Сафорати Тоҷикистон дар Туркманистон
Душанбе, 05.03.2016 (АМИТ «Ховар»).- 3 марти соли 2016 ходими хизматнишондодаи фарҳанги Туркманистон, шоири номдори туркман ва муаллифи китобҳои “Сирри имон”, ”Миёни Нисо ва Марв”, Оқомурод Султонов Аҳмад Холмуродов ва шарқшиноси машҳури Туркманистон, муаллифи як қатор таҳқиқотҳои илмӣ оиди мероси фарҳангии Абурайҳони Хоразмӣ, Ибни Асир Раҳмат Қиличов, ки ба Ҳамоиши адибони ҳавзаи Наврӯз дар Тоҷикистон даъват шудаанд, меҳмони Сафорати Тоҷикистон дар Ашқобод гардиданд.
Ин меҳмононро сафири Тоҷикистон дар Туркманистон Маҳмудҷон Собиров пазироӣ намуда, аз комёбиҳои Тоҷикистон дар роҳи Истиқлоли кишвар нақл карда ва дар ин росто аз хизматҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуд. Маҳз хизматҳои ин сиёсатмадори ватандӯст буд, ки кишвар аз чанголи ҷанги шаҳрвандӣ раҳоӣ ёфта, ба сулҳу салоҳ расид. Мо дар ин самт аз ҳамсоякишвари худ- Туркманистон хеле миннатдорем, ки дар лаҳзаҳои мушкили сиёсӣ Тоҷикистонро дастгирӣ мекунанд.
Маврид ба зикр аст, ки баргузории Ҳамоиши адибони ҳавзаи Наврӯз новобаста ба мушкилиҳои иқтисодии имрӯза яке аз иқдомҳои хирадмандонаи роҳбари Тоҷикистон аст. Мо мардуми минтақаи Осиёи Марказӣ, ки тамаддуну фарҳанги қадимӣ дорем, дар ин рӯзҳои мушкили сиёсии авзои ҷаҳон, ки ҳамаро хатари терроризму ифротгароӣ таҳдид мекунад, сухан, шеъру адаб, хиради гузаштагонамонро бояд зидди ин ҳама бадбахтиҳо истифода намоем.
Мо дӯстии қадимии мардуми тоҷику туркманро қадр мекунем. Дар Тоҷикистон бародарони туркман зиндагӣ мекунанд ва дар Туркманистон ҳамчунин тоҷикон. Боиси хурсандист, фазои меҳру муҳаббату бародарӣ, ки дар ҳарду кишвар фароҳам аст, боис гардида, ки онҳо худро дар ватанашон эҳсос намоянд. Ҳамаи ин самари сиёсати дурандешона ва бародаронаи роҳбарони ду кишвар аст.
Зимни суҳбат адибону олимони туркман аз шӯҳрату илму адаби тоҷикон ёдоварӣ карда, баргузории Ҳамоиши байналмилалии адибони ҳавзаи Наврӯзро низ самари ҳамин падида маънидод намуданд ва аз роҳбарияти олӣ ва Ҳукумати Тоҷикистон барои даъват ба ин Ҷашни бошукӯҳ изҳори миннатдорӣ намуданд.








Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






