Миллати тамаддунофару ватандори тоҷик ҳар куҷое, ки рафтааст, зебоӣ офаридааст

Март 12, 2016 12:46

Дару девори ҷаҳон худ дару девори зан аст.

Кори дунё ҳама дар пайравии кори зан аст,

Душанбе, 12.03.2016 (АМИТ «Ховар»).- Зан оташест, ки рӯзгори оламиёнро дар сардиҳо гармиву дар зулмот рӯшноӣ мебахшад. Зан олиҳаи покест, ки насли одамиро ба дунё овардаву ҳаёт ато мекунад. Зан  рӯзгори инсонро зебу фар мебахшад ва ба қалбҳои хаста нури умедро ҷо медиҳад. Дар дунё наметавон ягон занеро ба мисли зани тоҷик зебову порсову отифа тасаввур кард. Зани тоҷик дар ҳама гармову сармои зиндагӣ паҳлӯи шавҳару фарзандони хеш аст, худ намехӯрад, намепӯшад, вале фарзандони худро мехӯронад, ҳама чизи хубу беҳтаринро барои ҷигарбандони хеш эҳдо мекунад ва чӣ тавре ки устод Лоиқ мегӯяд:

Худ напӯшидиву пӯшондӣ маро,

Худ нанӯшидиву нӯшондӣ маро,

Модарам ай модари заҳматкашам….

Барои зан-модари тоҷик оила, фарзандон, хонаву дар, тарбияи фарзандону дастгирии оила дар мадди аввал меистад ва  зан-модари тоҷик, ки зебоиофару зебокор ва зеборӯзгору  олиҳа аст, чун нури хуршеди тобон олами  фарзандону пайвандонро мунаввар месозад.

Зане, ки дар борааш қисса мекунем, аз зумраи бонувони асили тоҷикест, ки дар баробари оилаву тарбияи хуби фарзандон дар бахши соҳибкорӣ низ хеле муваффақ аст.  Дар минтақаи Сибир аз доираи ҳамватанони мо кам нафароне ёфт мешаванд, ки оилаи Насруллоевҳоро нашиносанд. Оилаи Насруллоевҳо ҳамчун тоҷикони асили меҳмоннавозу меҳрубон ва дардошнои худиву бегона дар минтақаи Сибир  ва Красноярску Абакан ном баровардаанд.

Мағфират Насруллоева-бонуи тоҷике, ки дар дуриҳои дур  маҳз бо меҳмоннавозии тоҷикона, бо самимияту меҳрубонӣ, меҳнатдӯстӣ ва сурудҳои марғубаш номи миллати тоҷикро тавонистааст баланд бардорад.  Мағфират Насруллоева зодаи Самарқанди бостон буда, баъди оиладор шуданаш бо ҳамроҳии шавҳараш ба Хакассия омада, дар ҳамин ҷо ба фаъолияти соҳибкорӣ оғоз мекунад.

Мағфират Насруллоева мегӯяд,  ки ибтидои ҳама кор мушкилиҳои худро дорад, вале инсон бояд аз мушкилиҳо наҳаросида, пеш равад,ба умеди касеву чизе нашуда, меҳнат кунад,  тавре ки мегӯянд, худаш бояд дасту по занад, то ба қуллаи мурод расад. Албатта, инсон доимо ба дастгириву  меҳрубонӣ ниёз дорад, вале ҳар чӣ ҷою мавқеи худро дорад. Барои ба ҳама комёбиҳо ноил шуданам дар шаҳри Абакан, пеш аз ҳама, аз шавҳари дилогоҳам Ҷунайдулло Насруллоев хеле миннатдорам ва баъдан ёру дӯстонам низ дар канор намонда, бо маслиҳатҳои некашон раҳнамоям буданд. Як нуктаро мехоҳам таъкид намоям, ки дуои неки волидон, бахусус модар барои фарзанд чун чароғи тобонест андар шаби тор, ки барои ба ҳар гуна орзуҳои нек расидани  инсон нашқи муҳим дорад. Ин нуктаро намедонам аз нигоҳи олимон ва илм чӣ тавр баррасӣ мекунанд, вале дар ин маврид ман ҳамчун зан-модар муътақид  ҳастам, ки дуои неки модаронро бояд гирифт. Ба онҳо пайваста меҳрубону дилсӯз бояд буд, зеро онҳо бо  ҳазор умед фарзанд ба дунё меоранду тарбия мекунанд, то асои пириву номбардорашон бошанд ва аз фарзанд барои онҳо каме меҳру таваҷҷуҳ лозим аст, дигар ҳеҷ чиз. Имрӯз мо маҳз бо насиҳатҳои неки падару модари бузургворамон ба ин дараҷаҳо расидаем.

Мағфиратбону дорои якчанд марказҳои бузурги савдо буда, аслан дар марказҳои савдои ин соҳибкорзани тоҷик ҳамватанон ба кор фаро гирифта шудаанд. Меҳрубонӣ, самимият, дасти ниёзмандонро гирифтан, пайваста дардошнои худиву бегона будан аз хислатҳои наҷиби М. Насруллоева ба шумор мераванд. Мағфират Насруллоева дар баробари зан-модар ва соҳибкори муваффақ будан  дорои садои форам мебошад. Садои нозуку дилнишинаш аз қалб баромада, ба қалбҳо ҷо мешавад.Ӯ месарояд бо лаҳни ширини тоҷикона, бо ҳама нафосату балоғати тоҷикона. Гоҳ аз ғазалҳои Саъдӣ месарояду гоҳ аз Ҳофиз ва гоҳҳо аз  аз Туғрал. Дар сурудаҳои ин бонуи саропо ҳунару эъҷозу парвоз меҳру муҳаббати бепоён ба забони поку беолоиши тоҷикона, вафодориву самимияти бепоёни инсонӣ ба қадри якдигар расиданҳо садо медиҳанд, ки ин бори дигар аз дили бузурги ин зани зебову озодарӯзгори тоҷике, ки дар қисматҳои сарду шимоли Русия тавонистааст як гӯшаи зебои диёри тоҷикони фарҳангофару зеборӯзгорро бо худ бурдаву пешкаши мардумони Хакасия гардонад, дарак медиҳад. Маҳз тавассути ин оилаи бофарҳанги  қисмати шимоли Русия дар Абакан дар ҳар иду чорабиниҳо мардуми ин ҷо бо ҳама намуди  либоси арӯсиву ҷойдориву ороишоти хонаву дастурхони пурбаракати тоҷикӣ, бо ороишоти заргарӣ ва оинҳои миллиамон шинос мешаванду баҳои баланд медиҳанд. Мағфират Насруллоева мегӯяд, ки  фаромӯш намекунем, вақте ки мо якумин бор дар Хакасия Наврӯзи оламафрӯзро гузаронидаву  дар дегҳои калон суманаку ҳалиса(як навъ хӯроки наврӯзӣ, ки дар баъзе қисматҳо тоҷикон кашк ҳам мегӯянд ва аз гӯшту калла-почаи гов ё гӯсфанд тайёр мешавад) пухтаву мардуми шаҳрро меҳмондорӣ кардем, онҳо бори нахуст чунин хӯрокҳои миллии моро чашидаву дар ҳайрат меафтоданд, ки наход ин қадар хӯрокро мо пешкаши халқи Русия кунем. Мо ба онҳо гуфтем, ки тоҷикон ҳамин хел мардумони меҳмоннавозу ориётабор ҳастанд ва Наврӯз иди қадимаву аҷдодии мост. Дар ин рӯз ҳар як мардуми тоҷик бояд дастурхони худро ҳатман бо сабзаву суманак ва дигар хӯрокҳои наврӯзӣ, аз қабили ҳафтсину ҳафтшин оро диҳанд, то ки дастурхони мардум ва зиндагонии инсонияти рӯи олам пур аз баракату осоиш бошад.

Бояд зикр кард, ки Махфиратбону мунтаззам аз минбари баланди шабакаҳои давлатии телевизионӣ ва радиоии Ҷумҳурии Автономии Хакасия  дар бораи таъриху фарҳанги қадимаи тоҷикон- ин миллати ориёитаборе, ки сарчашмаи тамаддуни олам аз  чашмаи осори пурғановату пешрафтаи он шодоб гардидааст, ҳарф мезанаду бо ифтихор номи миллати тоҷикро муаррифӣ ва вирди забон меорад. Бо шарофати ин зани соҳибхираду миллатдӯст сокинони ин минтақаи дурдасти ФР дар бораи тоҷикон маълумот  пайдо кардаанду бо муҳаббат дар бораи ин миллат ҳарф мезананд ва волаву шефта ва муштоқи дидори сарзамини Тоҷикистон гардидаанд.  Сафари мо ба вақте рост омад, ки Мағфират Насрулллоева нахустин барномаи  консертии худро пешкаши ҳамватанон ва мардуми таҳҷоии Абакан кард. Дар роҳрави бузурги толори консертӣ бо ибтикори Насруллоевҳо  либос, гаҳвора, нону кулчаҳои тоҷикӣ, сӯзанӣ ва чакандӯзиҳои тоҷикона ба маъраз гузошта шуда буданд, ки аз онҳо меҳмонони зиёде дидан кардаву бо шавқу завқ ба таъриху фарҳанги  мардуми тоҷик баҳои баланд медоданду бори дигар итминони комил пайдо мекарданд, ки тоҷикон  дар асл миллати тамаддунофару  ватандор ва заминдору ободкор ҳастанд. Ҳар куҷое, ки рафтаанд, обод кардаанд, зебоӣ офаридаанд….

 

Таҳияи Садбарг Боқиева

Душанбе-Красноярск- Хакасия

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Март 12, 2016 12:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Бар асари гармои шадид дар Бангладеш 10 нафар ҳалок шуд
Дар Кения бар асари пайомадҳои обхезӣ дар як моҳ беш аз 160 нафар ба ҳалокат расид
МегаФон Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалии парапланеристонро дар Данғара дастгирӣ намуд
Дар ноҳияи Ховалинг дар 8 гектар боғи хуч бунёд карда шуд
Тоҷикистон ва Индонезия чорабиниҳои дарпешистода дар соҳаи дипломатияи обиро баррасӣ намуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар бо вакилон вохӯрӣ баргузор гардид
Бо фаъолону сокинони Ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвон вохӯрии судманд доир гардид
Доир ба истифодаи самараноки замин ва нақши он дар таъмини амнияти озуқаворӣ машғулияти такмили ихтисос оғоз ёфт
«ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолибони даври аввали озмун қадрдонӣ шуданд
«КОРВОНИ КИТОБ». Он имрӯз ба шаҳри Бохтар расид
Пагоҳ дар ноҳияи Восеъ мусобиқаи гӯштини миллӣ баргузор мегардад