Мулоқоти Аҳтам Абдуллозода бо соҳибкорони оянда

Март 16, 2016 11:43

Душанбе, 16.03.2016. (АМИТ «Ховар»).- Бо баргузории як чорабинӣ дар КВД «Клуби соҳибкорони ҷавон» ба як гурӯҳ ҷавононе, ки курси соҳибкориро ба итмом расониданд, шаҳодатнома супорида шуд.
Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва директори КВД «Клуби соҳибкорони ҷавон» Дилшод Ҷураев доир ба мақсади ташкили курси соҳибкорӣ ва вохӯрӣ бо соҳибкорони оянда ҳарф заданд.
Аҳтам Абдуллозода вобаста ба фаъолияти соҳибкорӣ ва нақши ҷавонони соҳибкор дар пешрафти иқтисодиёти мамлакат сухан гуфта, онро муҳим арзёбӣ кард. Таъкид шуд, ки рушди фаъолияти соҳибкорӣ аз амнияти давлат вобастагии калон дошта, дар навбати худ соҳибкорони ҷавон низ бояд дар назди Ватану миллат масъулият эҳсос намоянд.
Роҳбари кумита изҳор дошт, ки дар замони муосир танҳо бо дониш ва ҷаҳонбинии васеъ метавон ба соҳибкорӣ машғул гардида, муваффақ шуд, зеро танҳо ҷавони донишманд метавонад ҳангоми фаъолияти соҳибкорӣ маблағро дуруст ва самаранок истифода намояд. Дар ин чорабинӣ роҳбари Аҳтам Абдуллозода ба масъалаи арзиши муқаддасоти миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ ва ҳимояи марзу буми кишвар низ дахл карда, изҳор дошт, ки ин муқаддасот бояд дар қалби ҳар як ҷавони тоҷик бошад.
Директори КВД «Клуби соҳибкорони ҷавон» таъкид дошт, ки мақсад аз ташкили курсҳои соҳибкорӣ ба ҷавонон фароҳам овардани имконияти фаъолияти соҳибкорӣ мебошад, зеро дар ин курсҳо мутахассисони баландтаҷриба ба ҷавонон нозукиҳои фаъолияти соҳибкориро ба таври назариявӣ меомӯзонанд.
Дар фарҷоми чорабинӣ ба 18 ҷавоне, ки курси фаъолияти соҳибкориро ба итмом расониданд, аз ҷониби Аҳтам Абдуллозода ва Дилшод Ҷӯраев шаҳодатнома тақдим шуд.

Март 16, 2016 11:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид