Мулоқоти Қодири Қосим бо соҳибкорони водии Рашт

Март 5, 2016 10:25

Душанбе, 05.03.2016. (АМИТ “Ховар”). — Чанде қабл дар маркази ноҳияи Нуробод мулоқоти масъулини бахши иқтисодии кишвар бо соҳибкорони навоҳии  водии Рашт доир гардид. Дар ин мулоқот раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Қодири Қосим дар назди ҳозирин баромад карда, қайд намуд, ки бо ибтикору дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вохўриву мулоқотҳои мо бо соҳибкорону сармоягузорон, ки нерўи созандаву ободкор маҳсуб меёбанд, ба ҳукми анъана даромада, дар ин замина, сатҳи муколамаи давлату бахши хусусӣ ба дараҷаи сифатан нав бароварда мешаванд.

Дар натиҷаи ислоҳот ва тадбирҳои андешидаи ҳукумати мамлакат фаъолияти соҳибкорӣ дар минтақа рушд ёфта, соҳибкорон дар корҳои ободонӣ, сохтмони иншоотҳои гуногун, таъсиси ҷойҳои корӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум саҳми муносиб гузошта истодаанд.

Дар ин замина, барои рушди фаъолияти соҳибкориву сармоягузорӣ ислоҳоти муҳим гузаронида шуда, мунтазам тадбирҳои иловагӣ андешида мешаванд.

Аз ҷумла, қонунҳо «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ», «Дар бораи сармоягузорӣ»,  «Дар бораи созишномаи сармоягузорӣ», «Консессия», «Низоми иҷозатдиҳӣ», «Мораторияи санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ», як қатор барномаҳо, стратегияҳо, консепсияҳо ва нақшаи чорабиниҳо таҳия ва татбиқ гардиданд.

Ислоҳоти санҷишӣ гузаронида шуда, дар натиҷа Қонуни нав “Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор” бо назардошти таҷрибаи байналмилалӣ ва истифодаи усули хавфҳо  қабул карда шуд.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамаи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ мораторий эълон карда шуда, маҷмўан 78 субъекти соҳибкорӣ аз мораторий бархурдор гардиданд.

Тибқи натиҷаҳои мониторинг фаъолияти корхонаҳо натиҷабахш буда, дар 31 корхонаҳои истеҳсолӣ шумораи кормандон аз 30 то 100 нафар зиёд шуданд ва 18 субъекти соҳибкорӣ дар озмуну чорабиниҳо иштирок намуда, бо мукофотҳо сарфароз гардонида шуданд.

Дар натиҷаи ислоҳоти гузаронидашуда, шумораи субъектҳои соҳибкорӣ тадриҷан афзоиш ёфта, тибқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 31 декабри соли 2015 дар миқёси ҷумҳурӣ 275 653 субъекти соҳибкории фаъолияткунанда  ба қайд гирифта шудааст, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли 2014 32 380 субъект ва ё 11,7 фоиз зиёд мебошад.

Аз ин шумора 964 субъект ба ноҳияи Нуробод рост меояд, ки нисбат ба соли 2014-ум 2,0 фоиз зиёд аст, 3 005 субъект ба ноҳияи Рашт, нисбат ба соли 2014-ум 16,6 фоиз, 1 076 субъект ба ноҳияи Тоҷикобод, нисбат ба соли 2014-ум 29,2 фоиз, 1 887 субъект ба ноҳияи Ҷиргатол,  нисбат ба соли 2014-ум 11,5 фоиз ва 613 субъект ба ноҳияи Тавилдара рост меояд, ки нисбат ба соли 2014-ум 12,2 фоиз зиёд аст.

Қодири Қосим гуфт, ки бо мақсади дастгирии молиявии субъектҳои соҳибкорӣ дар ҷумҳурӣ аз ҷониби бонкҳо ва ташкилотҳои қарздӣ ба маблағи 11 млрд. 216 млн. сомонӣ қарз ҷудо карда шудааст, ки ин нишондиҳанда 12,3 фоиз нисбат ба соли 2014-ум зиёд мебошад.

Аз ин ҳисоб ба ноҳияи Нуробод 5 миллиону 784 ҳазор сомонӣ, ноҳияи Рашт 25 миллиону 557,7 ҳазор, ноҳияи Тоҷикобод 7 миллиону 740,9 ҳазор, ноҳияи Ҷиргатол 10 миллиону 439,4 ҳазор ва  ба ноҳияи Тавилдара 4 миллиону 871,2 ҳазор сомонӣ қарзҳо ҷудо карда шудааст.

Ба Муассисаи давлатии «Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар соли 2015 аз ҳисоби Буҷети давлатӣ 70,0 млн сомонӣ ҷудо гашта, ба 21 субъектҳои соҳибкорӣ дар ҳаҷми 36,2 млн. сомонӣ қарзҳои имтиёзнок дода шуд. Инчунин ҷудо намудани 120 млн. сомонӣ дар соли 2016 ба нақша гирифта шудааст.

Аз лоиҳаҳои дастгиринамудаи Фонд, 3 лоиҳа ба маблағи 1 миллиону 550 ҳазор сомонӣ ба ноҳияи Нуробод, 2 лоиҳа ба маблағи 840 ҳазор сомонӣ ба ноҳияи Тоҷикобод ва 1 лоиҳа ба маблағи 125 ҳазор сомонӣ ба ноҳияи Тавилдара рост меоянд.

Дар даврони Истиқлолият аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ ҷиҳати ҷалби сармояи хориҷӣ ва татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ корҳои назаррас ба сомон расонида шуданд.

Дар ноҳияи Нуробод 4 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ, дар доираи онҳо 1,3 млн. доллари ИМА, ноҳияи Рашт 5 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ дар доираи онҳо 3,3 млн. доллари ИМА, ноҳияи Ҷиргатол  4 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ  дар доираи онҳо 36,7 ҳаз. доллари ИМА ва дар ноҳияи Тавилдара 2 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ, дар доираи онҳо 134,8 ҳазор доллари ИМА азхуд карда шудааст.

Қодири Қосим оид ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав сухан ронда, иброз дош, ки дар он як қатор имтиёзҳо ва ҳавасмандкуниҳо барои соҳибкорон муқаррар карда шудааст.

Аз ҷумла, дар баробари имтиёзҳои умумии андозӣ, воридоти техникаи таъиноти кишоварзӣ, таҷҳизоти истеҳсолию технологӣ ва маснуоти такмилии онҳо аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод мебошанд.

Корхонаҳои навтаъсисе, ки бо коркарди пурраи нахи пахта ва маҳсулоти ниҳоӣ машғул мебошанд, хоҷагиҳои паррандапарварӣ, корхонаҳои истеҳсолкунандаи хўроки омехтаи парранда ва чорво тибқи маблағҳои ба фонди оинномавии онҳо воридгардида, ба мўҳлати 12 сол аз пардохти андозҳои пешбинишуда озод мебошанд.

Ҳамзамон, тағйироти зарурӣ ба Кодекси андоз ҷиҳати зиёд намудани маблағи ҳадди ақали гардиши молиявии корхонаҳои тибқи низоми соддакардашудаи андоз фаъолияткунанда аз 500 ҳазор сомонӣ то 1 миллион сомонӣ зиёд ва табдил додани андоз аз фурўши нахи пахта ба боҷи содиротӣ дар назар аст.

Бо назардошти саҳми назарраси соҳибкорон дар корҳои ободонӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми ҷумҳурӣ, бо ташаббуси Сарвари давлат 14 октябр ҳамчун Рўзи соҳибкорон эълон гардид.

Итминони комил аст, ки дар давраи буҳронӣ намояндагони бахши хусусӣ, соҳибкорони бонангу номуси Ватанамон дастгириҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакатро сидқан дарк намуда, барои рушди истеҳсолоти ватанӣ, истеҳсоли ҳарчи бештари маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда, таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти рақобатпазир донишу малака ва имкониятҳои худро дареғ надошта ҷиҳати дарёфти фишангҳои нави иқтисодӣ барои ба бозорҳои ҷаҳонӣ баровардани маҳсулоти ватанӣ ҳиссаи арзандаи худро мегузоранд.

Дар мулоқот ба суолҳои сершумори соҳибкорон ҷавобҳои муфассал дода шуд.

Март 5, 2016 10:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Ҳисор бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти андоз ҳамоиш баргузор гардид
Тоҷикистон ва Фаластин дар соҳаҳои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ ҳамкориро тавсеа медиҳанд
«ТОШКАНД-2024». Форуми соҳибкорони вилоятҳои Суғд ва Тошканд баргузор гардид
Корпоратсияи Байналмилалии Исломии Маблағгузории Савдо ба бунёди марказҳои логистикӣ дар Тоҷикистон изҳори омодагӣ намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар панели сатҳи баланд марбут ба маблағгузории «сабз» дар Тифлис сухан гуфт
Вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки Осиёии Рушд дар Тифлис баррасӣ гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АНДОЗ. Рақамикунонии соҳаи андоз роҳи таъмини барзиёди қисми даромади буҷети давлатиро васеъ намуд
Мақомоти гумрук маҳсулоти тамокуи навъи «Milano» ва «ESSE»-ро дарёфт ва мусодира намуд
Дар Бонки миллии Тоҷикистон пешгирии омилҳои коррупсионӣ ва муқобилияти дастҷамъона бо он баррасӣ шуд
Дар Душанбе баргузории намоишгоҳҳои рассомон дар Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ шуд
«ТОҶИКИСТОН-2024». Имрӯз дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ оғоз ёфт
«ТОҶИКИСТОН-2024». Имрӯз дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ оғоз меёбад