Намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллии Тоҷикистон дар Кувайт

Март 25, 2016 14:37

Душанбе, 25.03.2016. (АМИТ «Ховар»). -Дирӯз бегоҳӣ дар бинои театри ба номи Абдулҳусайн Абдурризои Кувайт намоиши ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои суннатӣ ва наврӯзӣ баргузор гардид.
Чорабинии мазкур садҳо нафар меҳмонони дохиливу хориҷии Кувайтро ба ҳам овард. Таомҳои суннатии тоҷикон, либоси миллӣ, мусаввараҳои пурнақш ва сангҳои қиматбаҳои Тоҷикистон диққати иштирокдорони намоиши мазкурро ба худ ҷалб намуд.
Илова бар ин меҳмонон зимни шиносоӣ аз намоишгоҳ бо шаклу анвои мухталифи таомҳои миллӣ, аз ҷумла таомҳои фасли баҳор, суфраи ҳафтсину ҳафтшин ва бахусус суманак дидаву чашида, ба кори созмондиҳандагони намоишгоҳ ва ҳунармандону пазандагони ин навъ таомҳо баҳои баланд доданд.

Март 25, 2016 14:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон ҳунари муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ рушд менамояд
Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад
Васфу ситоиши Ватан мавзуи аслӣ ва меҳварии тамоми осори Мирзо Турсунзода мебошад
Намояндагони соҳаи фарҳанги Тоҷикистон ва Узбекистон бо орденҳои «Дӯстӣ» ва «Дӯстлик» қадрдонӣ карда шуданд
Дар даври дуюми Бозиҳои Делфии Созмони ҳамкории Шанхай намояндагони Тоҷикистон соҳиби 6 медал гардиданд
Хабарнигорони Қирғизистон аз табиати дилфиреби ноҳияи Варзоб ва бозори «Меҳргон» боздид намуданд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд