Рӯзи қабули сайёр дар ноҳияи Ҷомӣ
Қурғонтеппа, 28.03.2016. (АМИТ «Ховар).- Рӯзи шанбе дар ноҳияи ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ қабули шаҳрвандон аз ҷониби раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода баргузор гардид. Зимни вохӯрӣ сокинони ноҳияи А.Ҷомӣ барои бо оби полезӣ таъмин намудани хоҷагиҳои деҳқонӣ, сохтмони мактабу боғча, беҳтар гардонидани ҳолати мелиоративии заминҳо, мусоидат барои чудо кардани замин барои сохтмони манзил муроҷиат намуданд.
Раиси вилоят ба шахсони мутасаддӣ оид ба ҳалли масъалахои пешниходшуда дастуру супоришҳо дод.
Бояд зикр кард, ки чунин вохӯриҳо аз ҷониби раиси вилоят ҳар моҳ гузаронида мешавад.