С.Михайлов: «Созишномаи миёни агентиҳои иттилоотӣ имзошуда муҳтавои сомонаи ҳар як агентиро ғанӣ гардонида, фазои ИДМ-ро нишон медиҳад»
Душанбе, 15.03.2016. (АМИТ «Ховар»). — «Дар назди мо ҳадафҳоеанд, ки аз ҳалли онҳо ҳамкории минбаъдаи агентиҳои мо дар фазои ИДМ вобастагӣ дорад. Соли гузашта хеле судманд буд ва дар робита ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак барои рушди низоми ҳамкорӣ оид ба табодули иттилоот корҳо ба роҳ монда шуданд», — гуфт раиси Шӯрои агентиҳои иттилоотии давлатии ИДМ, директори генералии ТАСС Сергей Михайлов зимни ифтитоҳи ҷаласаи XXI Шӯрои роҳбарони агентиҳои иттилоотии давлатии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил.
«Дар тӯли таърихи мавҷудияти ИДМ, таҳлилгарони мамолики гуногуни дунё борҳо ва бодиққат фаъолияти иттиҳодро мавриди баррасӣ қарор дода, ба таври гуногун изҳори андеша кардаанд. Ба ҳар сурат иттиҳод рушд мекунад ва муносиботро миёни кишварҳои мо нигоҳ медорад. Чанде пештар ҳамаи агентиҳои иттилоотӣ як оилаи калони ТАСС буданд. Ҳоло ҳадафи мо эҳё ва рушди анъанаҳое мебошад, ки пештар мавҷуд буданд. Метавон гуфт, ки дар доираи ҳамкории агентиҳои иттилоотии ИДМ табодули иттилоот ба роҳ монда шуда, он бомуваффақият амалӣ шуда истодааст, хусусан дар рӯзҳое, ки чорабиниҳо гузаронида мешаванд. Дар солҳои мавҷудияти Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил миёни роҳбарони кишварҳо ва агентиҳои иттилоотиамон корҳои бузурге анҷом дода шуда, чорабиниҳои зиёди гуногун гузаронида шудаанд.
Бахшида ба ҷашни ИДМ мо нақша дорем намоишгоҳи аксҳо ташкил намоем, ки онҳо дар сомонаҳоямон ҷой хоҳанд шуд. Лоиҳаи мазкур ҳамкориро на танҳо миёни кишварҳо, балки миёни агентиҳои иттилоотӣ низ ба роҳ мемонад», — иброз дошт С. Михайлов.
Ба суоли мухбири АМИТ «Ховар» доир ба он, ки дар доираи созишномаҳо ба чӣ натиҷа ноил шуданро нақша доред, С. Михайлов шарҳ дод, ки дар Шӯрои иттилоотии гузашта қарор оид ба имзорасонии санади мазкур қабул гардид, ки дар доираи он миёни хадамоти аккосӣ, инчунин мубодилаи иттилоот ва иштирок дар сафарҳои матбуотӣ корҳо ба роҳ монда мешаванд.
«Ин санад бо мақсади ғанигардонии муҳтавои сомонаи ҳар як агентӣ ва нишон додани фазои ИДМ аз тарафҳои гуногун ба имзо мерасад. Маводи аккосӣ маводи хеле муҳим ба шумор мераванд, чунки инсон метавонад борҳо шунавад, вале беҳтар аст, ки як маротиба бубинад.
Он агентиҳое, ки ба Шӯрои иттилоотӣ шомиланд, калонтарин агентиҳо дар фазои ИДМ мебошанд ва маводи аккосие, ки дар ихтиёр доранд, ба мо кумак мерасонад чӣ будани ИДМ ва гӯшаҳои дури кишварҳоямонро бубинем. Дар оянда мо ният дорем, ки барои журналистон ва мухбирони суратгир дар тамоми кишварҳои Иттиҳод барои шиносоӣ бо тағйироти кишварҳоямон, табиат, сохтмонҳои ҷарааёндошта ва дигар дигаргуниҳо сафарҳои рӯзноманигоронро ташкил намоем», — посух дод Михайлов.
Хабарҳои дигари ин бахш
Дилноза Аҳмадзода: «Истиқлолият заминаи асосии таҳкими давлатдории миллӣ ва рушди Тоҷикистон гардид»
Бунафша Файзиддинзода: «Дар солҳои соҳибистиқлолӣ зани тоҷик ба неруи фаъоли рушди ҷомеа табдил ёфт»








ТАҲКИМИ БЕХАТАРИИ САНОАТӢ ВА РУШДИ УСТУВОР. Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон
Ҷамшед Ҷумахонзода: «Соҳаи сайёҳӣ ба яке аз самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон табдил ёфтааст»
Абдураҳмон Абдураҳмонзода: «Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ чун давлати дорои суръати баланди рушди иқтисодӣ шинохта шуд»
ҲИЗБЕ, КИ ДАР ДАВРАИ ИСТИҚЛОЛ БАРОИ ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ ТАЛОШ НАМУД. Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ МАОРИФ. Давоми 35 соли соҳибистиқлолӣ модели муосири мактаби миллӣ ташаккул ёфт
РУШДИ СОҲАИ КИШОВАРЗӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ 3,7 баробар афзоиш ёфтааст
САНОАТ — МУҲАРРИКИ РУШДИ ИҚТИСОДӢ. Тоҷикистон 35-солагии Истиқлоли давлатиро бо эътимоди комил, суботи сиёсӣ ва сиёсати равшани саноатӣ истиқбол менамояд
Мусоҳибаи Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Салтанати Умон Зубайдулло Зубайдзода бо рӯзномаи «Умон»
ОБЁРИИ ҚАТРАГӢ ЧӢ БАРТАРӢ ДОРАД? Шарҳи коршинос дар ин мавзуъ
1 ИЮЛ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ СУҒУРТАИ ИҶТИМОӢ ВА НАФАҚА. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ андозаи нафақаҳо зиёда аз 20 маротиба зиёд карда шуд






