Сафари кории сафири Тоҷикистон ба Донишгоҳи Тсукуба

Март 14, 2016 14:10

Душанбе, 14.03.2016 (АМИТ «Ховар»).- Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония Ҳамрохон Зарифӣ аз Донишгоҳи Тсукуба дидан кард. Зимни сафари мазкур мулоқоти сафир бо Президенти Донишгоҳи Тсукуба доктор Кёсуке Нагата баргузор гардид.
Дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо ба сатҳи ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Донишгоҳи Тсукуба баҳои хуб дода, омодагии худро барои таҳкими минбаъдаи робитаҳо изҳор намуданд.
Доираи масоиле, ки зимни мулоқоти Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Япония Шинзо Абэ баррасӣ шуда буд, аз тарафи сафир бо Президенти Донишгоҳи Тсукуба, бахусус рушди ҳамкории дуҷониба дар бахши илм, технология ва инноватисия, зиёд намудани табодули донишҷӯён, муҳаққиқон ва олимон миёни Донишгоҳи Тсукуба ва муассисаҳои илмӣ-таълимӣ ва тадқиқотии кишвар, инчунин гузаронидани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.
Бинобар мавҷуд будани иқтидори фаровони канданиҳои фоиданок ҷониби Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки комиссияи муштарак дар ҳайати Вазорати иқтисод, савдо ва саноати Япония, Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ, олимон аз Донишгоҳи Тсукуба ва намояндагони ширкатҳое, ки бо ин донишгоҳ ҳамкорӣ менамоянд аз як тараф ва Академияи илмҳои Тоҷикистон ва Саридораи геологияи Тоҷикистон аз ҷониби Тоҷикистон ташкил шавад. Густариши ҳамкорӣ дар ин самт метавонад равобити ду кишварро ба сатҳи нави шарикии иқтисодӣ боло барад.
Ҳамчунин маърӯзаи сафир дар мавзӯи “Истифодаи оқилонаи захираҳои миллии Тоҷикистон ва Япония тавассути ҳамкорӣ дар бахши илм, технология ва инноватсия” барои устодон ва донишҷӯён барпо гардид. Зимни маърӯза сафир оид ба мавҷуд будани заминаи васеи бартариҳо ва манфиатҳои мутақобилаи Тоҷикистон ва Япония дар самтҳои мушаххас, аз ҷумла захираҳои маъданӣ, кӯҳкорӣ, обу энергетика, захираҳои энергетикии пойдор ва сейсмология ёдовар шуд.
Дар доираи сафари мазкур, инчунин мулоқоти сафир бо донишҷӯёни кишвар, ки дар ин донишгоҳ таҳсил мекунанд, доир гардид. Саволу ҷавоби мушаххас сурат гирифт, аз ҷумла сафир таъкид намуд, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саъю талош менамояд, ки донишҷӯёни кишвар имкон дошта бошанд, то дар хориҷи кишвар таҳсил намоянд. Инчунин ҷонибҳо мавзӯи зиёд намудани шумораи донишҷӯёнро бо Сарвазири Япония матраҳ намуданд ва сафорат масъалаи мазкурро таҳти пайгирӣ қарор додааст.
Ҳамчунин оид ба баргузории раъйпурсӣ барои ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи, ки талаби замон аст, сухан рафт. Сафир зикр намуд, ки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пайваста талош менамояд, ки ҳарчи зудтар сатҳу сифати зиндагии мардум баланд гардад. Тағйиру иловаҳои ба Конститутсия воридшаванда барои амалӣ намудани ин мақсади олӣ мусоидат мекунанд.
Боздиди сафир аз китобхонаи марказии Донишгоҳи Тсукуба низ сурат гирифта, мулоқот бо роҳбари китобхонаи марказӣ -ноиби президенти донишгоҳ Шиничи Накаяма баргузор гардид. Зимни мулоқот китобҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба китобхонаи донишгоҳ тақдим шуданд.

Март 14, 2016 14:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Академияи миллии илмҳо бахшида ба 90 – солагии профессор Муқаддима Ашрафӣ конференсия баргузор шуд
Имрӯз дар баъзе шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Намояндагони парлумонҳои Туркия, Узбекистон ва Озарбойҷон дар Осорхонаи миллӣ бо шоҳкориҳои нодири ниёгонамон шинос шуданд
Рӯзи ҷавонон на танҳо ҷашн, балки рӯзи умеду орзуҳо ва масъулияти насли ояндасози Тоҷикистон аст
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Турсунзода бо сарбозони дидбонгоҳҳои сарҳадӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Наврасону ҷавонони ноҳияи Мурғоб дар ҳашари экологии «Соҳили тоза-2026» иштирок намуданд
«МегаФон Тоҷикистон»: Касбу кор аз хазина оғоз меёбад
Хайриддин Усмонзода бо роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда барои Осиёи Марказӣ вохӯрӣ намуд