Тоҷикистон-мизбони Ҳамоиши байналмилалии адибони ҳавзаи Наврӯз

Март 7, 2016 14:03

Душанбе, 07.03.2016. (АМИТ «Ховар»). -6-уми марти соли 2016 дар бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон бахшида ба Ҳамоиши байналмилалии адибони ҳавзаи Наврӯз дар Тоҷикистон (18-24 март) бо иштироки намояндагони ВАО-и дохилию хориҷии ҶИЭ, ҳайати дипломатии муқими Теҳрон ва донишҷӯёни тоҷик нишасти хабарӣ баргузор гардид.
Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Неъматулло Эмомзода дар робита ба ибтикороти Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи солҳои охир дар ин росто ва мизбонии кишвар аз чандин ҷашни ҷаҳонии Наврӯз бо ҳузури сарони давлатҳо ва мақомоти баландпояи кишварҳои ҳавзаи Наврӯз дар ш.Душанбе сухан ронда, зимнан аз талошҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти муҳтарами Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои эҳёи суннатҳои миллӣ ва нақши созандаи Наврӯз дар тавсеаи робитаҳои дустӣ миёни кишварҳои ҷаҳон ёдовар шуд.
Сипас ширкаткунандагон бо ҷузъиёти барномаи Ҳамоиши байналмилалии адибони ҳавзаи Наврӯз бо иштироки адибони 22 кишвари ҷаҳон шинос гардиданд.Дар фарҷом роҷеъ ба Тоҷикистон ва анъанаҳои наврӯзӣ наворҳои видеоӣ намоиш дода шуданд.

Март 7, 2016 14:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид