Вохўрии намояндагони ҲХДТ бо фаъолзанони ноҳияи Шоҳмансур
Душанбе, 03.03.2016 (АМИТ «Ховар»). — Бо ташаббуси шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангии Китобхонаи миллии Тоҷикистон 4 -уми марти соли равон соати 14: 00 дар толори “Ошёни булбулон” чорабинии идона бахшида ба Рӯзи Модар таҳти унвони “Зан оинаи зиндагӣ ва чароғи рӯзгор”доир мегардад.
Дар назар аст, ки дар чорабинии мазкур директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон, профессор Сайфиддин Назарзода ва раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Умриниссо Казакова иштирок ва суханронӣ намоянд.
Дар назар аст, ки дар чорабинӣ хонандагони Гимназияи № 2 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе ва хонандагони Гимназияи хусусии Тоҷикистон порчаҳои шеърӣ дар васфи Модар ва Наврӯзи оламафрӯз қироат кунанд.
Ҳамзамон дар чорабинии мазкур иштироки беш аз 100 корманди Китобхонаи миллии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






