«Ҳафтаи илм» дар ДСТР оғоз гардид

Апрель 18, 2016 14:40

Душанбе, 18.04.2016. /АМИТ «Ховар»/. Аз 18 то 22 апрел дар Донишгоҳи (славянии) Тоҷикистону Русия «Ҳафтаи илм» гузаронида мешавад. Ин чорабинии илмӣ ба ифтихори 25-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ ва 20-солагии ДСТР бахшида шудааст.
Имрӯз дар расми кушодашавии чорабинӣ профессорон, донишҷӯён ва намояндагони ВАО ширкат намуданд.
Масрури Абдулло, ноиби ректор оид ба корҳои илмии ДСТР изҳор дошт: «Дар чорабинӣ ҳар як донишҷӯ маърӯза мекунад. Мо имсол дар баробари 25-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ 20-солагии донишгоҳамонро низ ҷашн мегирем. Шумо медонед, ки якшанбеи сеюми моҳи апрел дар Тоҷикистон Рӯзи илм эълон карда шудааст, мо Ҳафтаи илм эълон кардем».
Масрури Абдулло дар идомаи суханаш гуфт, дар давоми ҳафта дар ҳар як факулати Донишгоҳ рӯзи илм баргузор мешавад, ки профессорон ва донишҷӯён дар он маърӯза мекунанд. Аз ҷумла, дар китобхонаи Донишгоҳ намоишномаи дастовардҳои илмӣ ба маъраз гузошта мешавад, ки хоҳишмандон метавонанд аз он дидан кунанд.

Апрель 18, 2016 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид