Академияи илмҳо: 265 кори илмӣ дар се моҳ
Душанбе, 12.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. «Давлат ва ҳукумат илмро ҳамчун омили пешбарандаи ҷамъият арзёбӣ намуда, барои рушди минбаъдаи он ва беҳтар кардани шароити иҷтимоиву иқтисодии олимон тадбирҳои судманд меандешад»,- иброз дошт президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ имрӯз зимни таҷлили иди касбии олимон- Рӯзи илм.
Ба гуфтаи Фарҳод Раҳимӣ, олимони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чанд соли охир корҳои илмӣ- тадқиқотии худро аз рӯи 60 мавзӯи бунёдӣ ва 45 мавзӯи амалӣ идома дода, дар соҳаҳои мухталифи илм натиҷаҳои назаррас ба даст оварданд.
Дар се моҳи аввали соли равон аз ҷониби кормандони муассисаҳои илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 265 кори илмӣ, аз ҷумла 23 китобу монография ва 242 мақолаи илмӣ дар маҷаллаҳои илмии ҷумҳурӣ ва кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил ба табъ расонида шудаанд.








Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии пешгирии экстремизми хушунатомез дар шаҳри Турсунзода ҳамоиш баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии занон ва духтарон дар соҳаи илм конфронси байналмилалӣ доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Бӯстон трансформатори муосир насб гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон факултети зеҳни сунъӣ ва технологияҳои нав таъсис дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 дар ноҳияи Шаҳринав 947 нафар бо ҷойи кор таъмин гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Бонки «Амонатбонк» ва Хадамоти иҷро нишасти матбуотӣ баргузор мегардад






