Қаллобии соҳибкор ошкор шуд
Душанбе, 12.04.2016/АМИТ «Ховар»/. Гумрукчиёни тоҷик дар ҳамкорӣ бо кормандони прокуратураи шаҳри Душанбе зимни санҷиш аз фурӯши чойи хушки пастсифат дар бархе аз мағозаю фурӯшгоҳҳои пойтахт ҷилавгирӣ намуданд.
Зимни як санҷиши муштарак кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар шаҳрванд Р.Қ-ро боздошт карданд. Ин соҳибкор дар шаҳри Қурғонтеппа чойи хушки пастсифати дар халтаҳо гирифташударо ба қуттиҳои тамғаи чойҳои гаронарзиш, назири «Imperial Tea» ҷой намуда, бо нархи гарон ба муомилот мебаровардааст.
Ҳамин тариқ, зимни санҷиш 3 ҳазор қуттии чойи пастсифат бо арзиши 24 ҳазор сомонӣ аз савдо гирифта шуда, нисбат ба амали соҳибкор тафтишот идома дорад.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






