Аввалин бозии “Парвин”, “Коммуна” ва “Ваҳдат” дар Лигаи якум

Апрель 22, 2016 15:09

Душанбе, 22.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар даври аввали бозиҳои Чемпионати мамлакат оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи якум се дастаи нав ба рақобатҳо шурӯъ карданд. “Парвин”-и Бохтар дар меҳмонии “Помир” – и Душанбе ба аввалин бохти худ рӯ ба рӯ шуд. “Помир” дар симмати дастаи мунтахаби наврасони то 14- солаи кишвар ба дарвозаи меҳмонони худ 4 тӯб зада, аз дарвозааш як тӯб гирифт.
Дастаҳои “Коммуна”-и Фархор ва “Ваҳдат”-и Ваҳдат дар ноҳияи Фархор ба дидори ҳам рафтанд. Дар натиҷа футболбозони шаҳри Ваҳдат бо ҳисоби 3:2 пирӯзӣ ба даст оварда, соҳиби се холи аввалин гаштанд.
Дар ин рӯз ҳамчунин бозии байни дастаҳои “Канд” ва “Саройкамар” доир шуд ва бо ғалабаи меҳмонон (1:2) анҷом ёфт.
Мутаассифона, дар шаш бозии даври аввал доварон 8 нафар бозингаронро аз майдон ронданд, ки ин ташвишовар аст.
27 апрел дар даври дуввуми мусобиқа “Ваҳдат” бо “Помир”, “Зарафшон” бо”Коммуна”, “Саройкамар” бо “Локомотив”ва 28 апрел “Чашма” бо “Канд”, “Панҷшер” бо “Ҳулбук” ва “Исфара” бо “Кӯктош” вориди сабқат мешаванд.

Апрель 22, 2016 15:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид