Боздошти як шаҳрванд дар хатсайри Душанбе-Дубай

Апрель 19, 2016 14:54

Душанбе, 19.04.2016/АМИТ «Ховар/. Шаҳрванди 48-солаи Ҷумҳурии Тоҷикистон С. З. А, ки ба соҳибкорӣ машғул будааст, дар «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» аз ҷониби кормандони гумрук боздошт гардид. С.З. А мехост ба таври ғайриқонунӣ ҷавоҳироти тиллоиро, ки беш аз 500 грамм вазн дошт, зимни парвоз дар хатсайри Душанбе-Дубай-Деҳлӣ бо роҳи пинҳонӣ бо худ барад, вале ин амалаш аз ҷониби нозирони гумрук ошкор гардид.
Зимни гузаронидани муоинаи гумрукӣ ошкор шуд, ки ин шаҳрванд ду гарданбанди тиллоии занона- яке дорои овеза бо навиштаҷоти «PAMP SUISSE 100 g FINE GOLD 999,9-192245» ва тасвири расми зани асотири қадим ва дигаре дорои овеза бо шаш пластинкаи чоркунҷашакли гуногунҳаҷм дар бадан дорад.
Бо ин амалаш соҳибкор талаботи моддаҳои 11-13 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистонро вайрон намудааст. Шаҳрванд С.З.А сабаби огоҳ накардани содироти молро ба хориҷи кишвар ба надонистани қонунгузории гумрукӣ рабт дод.
Дафтари матбуоти Хадамоти гумрук иттилоъ медиҳад, ки нисбат ба ин амали соҳибкор парвандаи маъмурӣ боз гардида, он барои баррасӣ ба суд фиристонида шуд.

Апрель 19, 2016 14:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд