Бозтоби пешрафтҳои Тоҷикистон дар «8- субҳ»
Душанбе, 25.04.2016/АМИТ «Ховар»/. « Дар ин саёҳат Наврӯзро он чунон, ки дар китобҳо ва қиссаҳо шунида будам, дидам. Мардум ва масъулони Ҳукумати Тоҷикистон ба сурати васфношуниданӣ суннати меҳмонии наврӯзиро ба ҷо оварданд»,- чунин навиштааст хабарнигори нашрияи мустақили «8-субҳ»-и Афғонистон Қамбаралии Тобиш баъд аз иштирок дар ҷашни ҷаҳонии Наврӯзи Душанбе.
Хабарнигори афғон таассуроти худро аз таҷлили Наврӯзи байналамилалӣ дар Душанбе ва иштирок дар ҳамоиши байналмилалии шорони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз дар як мақола таҳти унвони «Тоҷикистон сарзамини тарона ва тараб» баён намудааст. Хабарнигори «8 субҳ» дар мақола доир ба пешрафтҳои мардум ва сарзамини Тоҷикистон ва таҷлили бошукӯҳи ҷашни ҷаҳонии Наврӯз дар кишварамон дидаю шунидаҳои худро тӯли ду ҳафтаи меҳмониаш дар Тоҷикистон рӯи коғаз оварда, гуфтааст: «Дар рӯзҳои таҷлили ҷашни фархундаи Наврӯз садои тарона ва тараб дар кӯчаю хиёбонҳо ва фазои Тоҷикистон танинандоз буд. Пиру барно дар Наврӯзгоҳ ва боғҳо гирди ҳам омада, бо чеҳраи хандон ҳамроҳ бо табиат рақсу шодмонӣ мекарданд».
Рӯзноманигори афғон ҳамзамон гуфтааст, ки тибқи назарсанҷии як ниҳоди байналмилалӣ Тоҷикистон дар миқёси кишварҳои минтақа шодтарин кишвар муаррифӣ гардида буд. «Он пешрафтҳое, ки мо дар ин кишвар дидем, шаҳодатест аз натиҷагирии он ниҳоди байналмилалӣ», -навишааст Тобиш.
Ҳамзамон муаллифи мақолаи «Тоҷикистон сарзамини тарона ва тараб» нигоштааст, ки роҳи мубориза бо терроризм танҳо туфанг ва гуфтугӯ нест, балки таҷлили Наврӯзи ҷаҳонӣ яке аз роҳҳои асосии мубориза бо терроризм ва таъмини сулҳу амният дар ҷаҳони муосир аст.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






