«Эмомалӣ Раҳмон-Пешвои миллат»: ҷанбаҳои назариявӣ ва амалии масъала

Апрель 19, 2016 17:26

Душанбе, 19.04.2016/АМИТ «Ховар»/. «Мардуми Тоҷикистон шахсияти Эмомалӣ Раҳмонро ба тадриҷ ҳамчун роҳбари тавоною пуртаҷриба ва ҳамчун Пешвои воқеии худ пазируфта, ин мафҳум ва ин мақом дар зеҳни ҷомеа пухта расида буд. Аз ин рӯ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат» бештар нақши мақоми ҳуқуқӣ бахшидан ба ин воқеияти таърихиро дошт»- чунин омадааст дар сарсухани китоби тозанашр, ки таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон-Пешвои миллат»: ҷанбаҳои назариявӣ ва амалии масъала» дар нашриёти «Ирфон» чоп гардидааст.
Муаллифи китоб номзади илмҳои сиёсӣ, сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллоҳи Раҳнамо мебошад. Дар саҳифаи аввали китоб шеъри муаллифи рисола А. Раҳнамо бо номи «Ҷойгоҳи Ватан» ҷой дода шудааст, ки саршори ишқу муҳаббати самимӣ ва садоқати беандоза ба сарзамини Тоҷикистон аст.
Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон-Пешвои миллат» навиштаҳои таҳқиқотии сиёсатшиноси тоҷик Абдуллоҳи Раҳнамо дар ду фасл: «Ташаккули шахсияти Пешвои миллат: пажӯҳише дар дастовардҳои бунёдии Тоҷикистон зери роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон» ва «Пешвои миллат ҳамчун ниҳоди давлатдории миллӣ: баъзе ҷанбаҳои сиёсӣ ва назариявии мавзӯъ» гирд оварда шудаанд. Дар мақолаҳои муҳаққиқи тоҷик сухан дар бораи корномаи фарзанди фарзонаи миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, раванди ташаккули шахсияти ӯ ҳамчун Пешвои миллат, ҷанбаҳои назарӣ ва амалию сиёсии ин мавзӯъ ва таҷрибаи ҷаҳонӣ дар ин самт инъикос гардидаанд.
Бояд тазаккур дод, ки дар шакли китоби алоҳида ба нашр расидани мақолаҳои сиёсатшиноси тоҷик ва дастраси ҷомеа гардидани он барои дарки дуруст ва амиқтари ин масъала мусоидат менамояд. Бахусус барои насли наврас ва ҷавонон, донишҷӯёни макотиби олии кишвар, ки ба фаҳмиши амиқтари ин мавзӯъ ниёз доранд, чопи китоби «Эмомалӣ Раҳмон- Пешвои миллат» маводи дақиқу фаҳморо фароҳам овардааст. Инчунин рисолаи мазкур барои пеш бурдани корҳои таблиғотӣ ва фаҳмондадиҳӣ кумак мерасонад. Дар рисола ҳамзамон матни комили Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат» ҷой дода шудааст, ки он кори хонандагон ва пажӯҳишгаронро осон менамояд.
Мавриди зикр аст, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат», ки аз 16 модда иборат аст, 12 декабри соли 2015 аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, баъди нӯҳ рӯз, аниқтараш 18 декабри соли 2015 ин қонунро аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ намуданд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат» вазъи сиёсӣ ва ҳуқуқии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллатро ҳамчун бунёдгузори давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, сулҳ ва ваҳдати миллӣ муқаррар мекунад.
Ҳадафи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат» тақвияти асосҳои сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Истиқлолияти давлатӣ ва тамомияти арзӣ, якпорчагии Ватан, пойдориву бардавомии давлати Тоҷикистон, таҳкими демократия, таъмини рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, ҳифзи арзишҳои таърихии давлатдории миллӣ, фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона барои ҳар як инсон маҳсуб мешавад.

Апрель 19, 2016 17:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе 176 кило гӯшти бедонаи ба талаботи бехатарӣ ҷавобгӯнабуда мусодира гардид
Дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ намоишҳои фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар Маркази миллии тестӣ ва Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн нишасти матбуотӣ доир мегардад
«Қиссаҳои Шераки Ориён» аз чоп баромад
5 август дар Маркази миллии тестӣ ва Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн нишасти матбуотӣ доир мешавад
Дар Вена масоили густариши ҳамкории Тоҷикистон бо Агентии Австрия оид ба рушд баррасӣ шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ доир мегардад
Дар шаҳри Душанбе ҳашари экологии «Тозагии маҳал» гузаронида шуд
4 август дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ доир мегардад
Дар Остона ҷаласаи намояндагони аршади Саммити Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея баргузор гардид