«Файзи Истиқлол» — интихоб ва дарёфти асарҳои арзандаи драмавӣ

Апрель 25, 2016 18:07

Душанбе, 25.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон  бахшида ба 25 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои халқӣ «Файзи Истиқлол»-ро роҳандозӣ менамояд. Фестивал-озмун дар ду давр — моҳи май ва  июни соли равон  дар маркази вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ баргузор гардида,   даври дуюми он аввали моҳи июли соли 2016 дар Театри давлатии ҷавонон ба номи М. Воҳидов ҷамъбаст мегардад.
Раёсат, шуъба ва бахшҳои фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бо салоҳдиди хеш барои ғолибони Фестивал-озмун мукофот таъсис дода, ҳамзамон Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ғолибони даври ҷамъбастиро бо  мукофоти пуливу туҳфаҳои хотиравӣ ва гурӯҳи  фаъоли онҳоро бо нишони «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ифтихорномаҳо сарфароз мегардонад.
Дар ин  бора  Ғуломзода Қурбон, сардори Раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумии Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ иттилоъ дода, зикр намуд, ки дар ҷамъбасти  Фестивал-озмун аз вилоятҳои Хатлон  ду  (минтақаҳои Кӯлоб ва Қурғонтеппа),  Суғду ВМКБ ва аз водиҳои Ҳисору Рашт яктогӣ театрҳои халқӣ пешниҳод мегарданд.
— Мақсад аз баргузории Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои халқӣ- «Файзи Истиқлол» рӯи саҳна овардани асарҳои драмавии шоиставу арзандаи замони истиқлол ва  тарғиби ҳамаҷонибаи ғояҳои Ваҳдати миллӣ, дӯстию бародарӣ, ватанпарварӣ, тарбияи насли наврас, инчунин дастовардҳои замони истиқлол мебошад, -гуфт дар идомаи суҳбат Ғуломзода Қурбон.

Апрель 25, 2016 18:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид