Фаъолияти АИ ҶТ аз сиёсати Пешвои миллат сарчашма гирифтааст

Апрель 12, 2016 17:47

Душанбе, 12.04.2016. /АМИТ «Ховар»/. «Дар сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи илм бо ташаббус ва сиёсати илмпарваронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самти афзалиятнок эълон гардидааст. Фаъолияти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ин сиёсат сарчашма гирифтааст». Ин нукта имрӯз, 12-уми апрел зимни ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба ҷашни касбии олимони тоҷик- Рӯзи илм ироа гардид.
Дар чорабинӣ аъзои АИ ҶТ, вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Рамазон Ҳамроҳ, муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамшо Фелалиев, намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, олимони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академияҳои соҳавӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ иштирок доштанд.
Пеш аз оғози ҷаласа олимон дар пояи нимпайкараҳои олимони барҷастаи тоҷик С.Айнӣ, Б.Ғафуров, С.Умаров ва М.Осимӣ гулчанбарҳо гузоштанд.
Дар ҷаласа зикр шуд, ки давлат ва ҳукумат илмро ҳамчун омили пешбарандаи ҷамъият арзёбӣ намуда, барои рушди минбаъдаи он ва беҳтар кардани шароити иҷтимоиву иқтисодии олимон тадбирҳои судманд меандешад.
«Олимони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чанд соли охир корҳои илмию таҳқиқотии худро аз рӯи 60 мавзӯи бунёдӣ ва 45 мавзӯи амалӣ идома дода, дар соҳаҳои мухталифи илм – математика, физика, астрофизика, зилзилашиносӣ, геология, гидроэнергетика, экология, биология, таърих, фалсафа, филология, шарқшиносӣ, иқтисодиёт ва демография натиҷаҳои назарраси илмӣ ба даст оварданд»,- илова намуд Фарҳод Раҳимӣ.
Ба олимоне, ки дар соли 2016 соҳиби ҷоизаҳои АИ ҶТ ба номи олимони барҷаста гардидаанд, дипломҳо супорида шуданд.
Бо қарори Комиссияи ҷоизаҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эҳдои ҷоизаҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи олимони барҷаста дар соҳаи илм ва техника ва қарори Раёсати АИ ҶТ як идда донишмандон соҳиби ҷоиза гардиданд.

Апрель 12, 2016 17:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид