Футбол: духтарони минтақаи Осиё вориди бозӣ мешаванд

Апрель 21, 2016 10:41

Душанбе, 21.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон бори нахуст Чемпионати Осиё оид ба футбол байни духтарони то 14-сола аз 26-уми апрел то 1 май гузаронида мешавад. Дар он тимҳои мунтахаби Тоҷикистон, Эрон, Бангладеш, Ҳиндустон, Қирғизистон, Непал ва Бутан ширкат меварзанд.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи “А” бо футболбоздухтарони Эрон(26 апрел), Бутан(27 апрел) ва Қирғизистон(28 апрел) қувва меозмояд. Ҳамаи вохӯриҳои дастаи мунтахаби кишварамон дар мавзеи Алмосии ноҳияи Ҳисор дар майдони Академияи “Истиқлол” доир хоҳанд шуд.
Бозии дастаҳои мунтахаби гурӯҳи “В” дар варзишгоҳи «Авиатор» сурат мегирад ва иштирокдорони ин гурӯҳ аз Бангладеш, Непал ва Ҳиндустон мебошанд.
Аз рӯи низомномаи мусобиқа, аз ду гурӯҳ соҳибони мақомҳои аввал ва дуввум ба бозиҳои нимниҳоӣ роҳхат мегиранд ва рӯзи 30 апрел бо ҳам мусобиқа мекунанд.
Бозии ниҳоӣ дар варзишгоҳи «Авиатор» 1 май, соати 16 баргузор ва ғолиби мусобиқа муайян мегардад.
Ба дастаҳои соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ медалҳо тақдим мешаванд.
Дар мусобиқа нишонзани беҳтарин ва бозингари беҳтарин низ муайян карда хоҳанд шуд.

Апрель 21, 2016 10:41

Хабарҳои дигари ин бахш

CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд