“Истиқлол” дар Урдун
Душанбе, 25.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Чемпиони Тоҷикистон “Истиқлол”-и Душанбе барои гузаронидани бозии навбатии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё бо тими “Алфайсалӣ”-и Урдун ба шаҳри Уммон-пойтахти ин кишвар ҳозир шуд ва аввалин тамрини худро ба сомон расонд. Ин вохӯрӣ рӯзи сешанбеи 26 апрел дар варзишгоҳи “Шоҳзода Муҳаммад”-и шаҳри Уммон соати 16.30 ба вақти Душанбе шурӯъ мешавад.
Ба бозӣ сармураббии даста Мубин Эргашев 16 бозингарро бо худ бурдааст. Ду ҳимоятгари даста Ҷаҳонгир Ҷалилов ва Давронҷон Эргашев, ки дар бозиҳои пешин кортҳои зард гирифтаанд, ҳаққи ширкатро дар ин рақобат аз даст додаанд ва ба “Истиқлол” кумак карда наметавонанд.
Дар гурӯҳи “В”, ки “Истиқлол” ба он шомил аст, “Нафт Ал-Васат” бо 9 имтиёз дар дар мақоми аввал, “Ал-Файсалӣ” бо 8 имтиёз дар мақоми дувум ва «Триполи» бо 4 имтиёз дар мақоми севум қарор доранд. “Истиқлол” бо як имтиёз дар зинаи охирин – чаҳорум ҷойгир шудааст.
Бозии аввали ин дастаҳо дар шаҳри Душанбе бо натиҷаи мусовии 0:0 ҷамъбаст шуд.
Ҳайати чемпиони Тоҷикистон дар ин бозӣ чунин аст:
Дарвозабонҳо — Никола Стошич, Қурбоналӣ Бобоев.
Ҳимоятгарон — Аҳтам Назаров, Сиёвуш Асроров, Петро Ковалчук, Маҳдӣ Чоҳҷӯӣ.
Нимҳимоятгарон — Нуриддин Давронов, Фатҳулло Фатҳуллоев, Парвизҷон Умарбоев, Акмал Холматов, Дилшод Восиев, Нозим Бобоҷонов, Фаридун Шарифов, Ҷаҳонгир Алиев.
Ҳамлагарон — Манучеҳр Ҷалилов ва Александр Каблаш.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






