Лигаи якум: Ду натиҷаи якранг дар даври аввал
Душанбе, 21.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз бозиҳои даври аввали Чемпионати мамлакат оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи якум шурӯъ шуданд. Вохӯрии байни дастаҳои “Ҳулбук” бо “Чашма” ва “Локомотив” бо “Зарафшон” бо натиҷаи якхелаи 3 бар 2 ба поён расиданд.
Дар даври аввал дастаҳои номдори лигаи якум дар мавсими соли 2014 ва 2015 “Кӯктош” ва “Панҷшер” дар варзишгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ бо ҳам рӯ ба рӯ шуданд. Голи ягонаи задаи меҳмонон тавассути зарбаи ҷаримавӣ дар дақиқаи 42-юм аз ҷониби Хуршед Умуров тақдири вохӯриро ба нафъи онҳо ҳал кард.
Имрӯз дар идомаи бозиҳои даври аввал боз се бозии дигар миёни дастаҳои “Канд” – “Саройкамар”, “Коммуна” – “Ваҳдат” ва “Помир” – “Парвин” баргузор мегарданд.
Тавре хабар дода будем, дар мусобиқаи имсола 13 даста барои медалҳо мубориза мебаранд. Инҳо дастаҳои “Исфара” (Исфара), “Кӯктош” (Рӯдакӣ), “Ҳулбук” (Восеъ), “Канд” (Конибодом), “Локомотив” (Душанбе),”Коммуна” (Фархор), “Помир” (Душанбе), “Парвин” (Бохтар), “Ваҳдат” (Ваҳдат), “Зарафшон” (Панҷакент), “Саройкамар” (Панҷ), “Чашма” (Шаҳритус) ва “Панҷшер” (Румӣ) мебошанд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






