Муаллимаи мактаби президентӣ «Омӯзгори беҳтарини соли 2016» шуд
Хоруғ, 19.04.2016. /АМИТ «Ховар»/. Соли равон панҷ нафар аз омӯзгорони макотиби шаҳр ба даври ниҳоии озмуни «Омӯзгори беҳтарини соли 2016» роҳхат гирифтанд. Яке аз ду шарти асосии озмун таҳлилу баррасии дарс ва посух додан ба суолҳои ҳакамон буд. Муаллимаи синфҳои ибтидоии мактаби президентӣ Нилуфар Сабоиева нисбат ба ҳамкасбони худ дарсҳоро бо шеваю диди нав таҳлил намуд. Бартарии шеваи баргузории дарси ӯ ин буд, ки ҳеҷ як хонандаи синф аз аз таҳлили мавзӯъ дар канор намонд ва ҳамагӣ барои аз худ кардани он фаъол буданд. Нилуфар ҳамчунин ба суолҳои иловагии ҳакамон ва намояндагони шуъбаи маорифи шаҳр посухҳои дурусту саҳеҳ дода, дар ҷамъбасти озмун 82,5 хол ба даст овард ва соҳиби унвони «Омӯзгори беҳтарини соли 2016» ва мукофоти пулӣ гардид.
Бо пешниҳоди ҳакамон ҳамчунин ба чаҳор омӯзгори фаъоли мактабҳои шаҳр ифтихорнома ва мукофоти пулӣ тақдим карда шуд.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






