Намоиши китобҳои тозанашр дар Китобхонаи марказии илмии ба номи Индира Гандии АИ ҶТ
Душанбе, 20.04.2016. /АМИТ “Ховар”/. Имрӯз дар Китобхонаи марказии илмии ба номи Индира Гандии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиши китобҳои тозанашри Сарредаксияи илмии «Энсиклопедияи Миллии Тоҷик» доир гардид.
Бино ба иттилои Шервони Умриддин, котиби матбуотии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорчӯбаи вусъат бахшидан ба муносибатҳои пажӯҳишию таҳқиқотии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ниҳодҳои дигари илмию фарҳангии кишвар китобҳои дар солҳои 2015-2016 ба табъ расидаи Муассисаи давлатии Сарредаксияи илмии «Энсиклопедияи Миллии Тоҷик» дар Китобхонаи марказии илмии ба номи Индира Гандии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маърази намоиш гузошта шуданд.
Дар намоиши китобҳои тозанашр гузориши директори Китобхонаи марказии илмии ба номи Индира Гандии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодимуҳаммади Сӯфизода “Оид ба ҳамкории судманду муфиди илмӣ миёни Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарредаксияи илмии «Энсиклопедияи Миллии Тоҷик» ба хотири таҳким ва тавсеаи ҳарчи беҳтар ва бештари муносибатҳои ду ниҳод маърӯзаи илмӣ кард.
Зикр шуд, ки созмон додани ин намоиш василаест барои ҳарчи бештар ҷалб намудани олимони тоҷик барои ҳамкории ҳамаҷонибаву созанда бо дигар ниҳодҳои илмию таълимӣ ва фарҳангии кишвар.
Осори ба намоиш даромада аз лиҳози муҳтаво арзишманд буда, мавриди таваҷҷуҳи хоси аъзои китобхона қарор дорад.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






