Омодагиҳо ба ифтихори ҷашнҳои Ваҳдати миллӣ ва 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ

Апрель 19, 2016 17:57

Ваҳдат,19.04.2016/АМИТ«Ховар»/. Ҳунармандони шуъбаи фарҳанги шаҳри Ваҳдат барои дар сатҳи баланд гузаронидани ҷашни Ваҳдати миллӣ  ва 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ барномаҳои рангини ҳунарии «Ваҳдат саодат аст», «Файзи истиқлол» ва Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2016»-ро омода мекунанд.

Мудири шуъбаи фарҳанги шаҳри Ваҳдат Эркамоҳ Мирзоева иброз намуд, ки ҳадафи асосии баргузории чунин барномаҳои рангину фестивал-озмунҳо дарёфти истеъдодҳои нав, санҷиши неруҳои зеҳниву эҷодии муассисаҳои фарҳангӣ, тақвият бахшидани вазифаҳои иҷтимоии онҳо дар эъмори ҷомеаи навбунёди Тоҷикистон ва дар ин замина баланд бардоштани нақши онҳо дар раванди тарбияи маънавии шаҳрвандон, бахусус насли наврас дар рӯҳияи хештаншиносӣ, ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, арҷгузорӣ ба мероси ғановатманди фарҳанги миллӣ ва намоиш додани дастовардҳои ҳунарию фарҳангии 25  соли даврони истиқлолият аст.

 

Апрель 19, 2016 17:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад