Парлумон ба Кодекси граждании ҶТ иловаҳо ворид менамояд

Апрель 25, 2016 15:02

Душанбе, 25.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Интизор меравад, ки  вакилони  палатаи  поёнии Парлумони  Тоҷикистон ба Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон  иловаҳо ворид намоянд.
Масъалаи мазкур 25 апрел дар ҷаласаи Шӯрои палатаи поёнии Парлумони  кишвар таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси  намояндагон баррасӣ шуд.  Аъзои Шӯрои Маҷлиси намояндагон ҳамчунин  лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷораи молиявӣ (лизинг)», «Дар бораи танзими давлатии ҳосилхезгардонии заминҳои таъйиноти кишоварзӣ», «Дар бораи заминсозӣ» ва «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ»- ро муҳокима намуда, пешниҳодҳо ироа карданд.
Дар фарҷом баъзе аз масъалаҳо барои  баррасӣ ба кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва бархеи дигар ба  ҷаласаи навбатии иҷлосияи  дуюми Маҷлиси намояндагон ирсол карда шуд.

Апрель 25, 2016 15:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид