“Парвоз” “Регар ТадАЗ”-ро дар ҳайрат гузошт

Апрель 18, 2016 09:34

Душанбе, 18.04.2016 /АМИТ «Ховар»/.-Дар бозиҳои даври дуввуми Чемпионати мамлакат оид ба футбол дастаи “Парвоз”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ғайричашмдошт ғолиби Ҷоми имсолаи Федератсияи футболи Тоҷикистон ва дорандаи медалҳои биринҷии мавсими соли 2015-“Регар ТадАЗ”-ро бо натиҷаи 1 бар 0 мағлуб кард.
Тӯби ягонаро Меҳрулло Бобоев, ки соли равон аз дастаи “Далерон-Уротеппа” ба дастаи “Парвоз” гузаштааст, ба ҳадаф расонд.
Ёдрас мешавем, ки соли гузашта тими “Парвоз”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар Чемпионати мамлакат ҳамагӣ як ғалаба ба даст оварда, дар зинаи охирин ҷойгир шуда буд.
Дар ин давр “Ҳосилот”-и Фархор ба аввалин пирӯзии худ комёб гардид. Ин даста бар “Равшан”-и шаҳри Кӯлоб бо натиҷаи 2 бар 0 ғалаба кард.
Натиҷаи бозиҳои дигар чунин аст: “Истиқлол”-“Барқчӣ” 4 :3, КМВА “Помир”-“Хуҷанд” 0:1, “Вахш”- “Хайр” 0:0.

Апрель 18, 2016 09:34

Хабарҳои дигари ин бахш

CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд