Ситоиши Ҳамоиши байналмилалии адибони ҳавзаи Наврӯз дар ВАО-и Эрон

Апрель 15, 2016 11:48

Душанбе, 15.04.2016 /АМИТ «Ховар/. Ҳамоиши байналмилалии адибони ҳавзаи Наврӯз, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои таҷлили ҷашни Наврӯзи Аҷам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, аз ҷониби кишварҳои иштирокдор баҳои баланд гирифта, дар расонаҳои ин давлатҳо хабару гузоришҳо ва аксҳои ҷолиб роҷеъ ба мизбонии Тоҷикистон ба табъ расиданд.
Аз ҷумла, дар шабакаҳои ТВ «Хабар», «Канали 6» ва IRIB. IR, маҷаллаи «Бухоро», радиои «Садои Хуросон», шабакаҳои иҷтимоии «Толори Иронтоҷ», «Ватани форсӣ» ва «Телеграм»-и Ҷумҳурии Исломии Эрон зикр шудааст, ки баъд аз ҷаҳонӣ гардидани Наврӯз ва пазируфтани он аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид дар кишварҳои ҳавзаи Наврӯз, Тоҷикистон тавонист чандин бор онро дар сатҳи баланд ва бо иштироки кишварҳои минтақа ва ҷаҳон баргузор намояд.
Адиб Муҳаммадкозими Козимӣ, ки иштирокдори бевоситаи ин ҳамоиш буд, дар шабакаи «Ватани форсӣ» таҳти унвони «Пули пайванд» чунин изҳор дошт: «Ин аввалин сафари ман ба кишвари адабиётдӯст буд. Ман пеш аз ин ҳам аз фарзонагӣ ва меҳмоннавозии тоҷикон бисёр шунида будам, вале он чӣ дар ин сафар дидам, фаротар аз интизор буд. Мардум ҳама дар Наврӯзгоҳ ҷамъ меоянд ва бо роҳбари кишвар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо гузориши пурмуҳтаво оид ба суннатҳои наврӯзӣ, шеърхонӣ бо лаҳни ширини дарӣ ва суруду мусиқӣ онро таҷлил менамоянд. Мардуми тоҷик анъанаи хуби дигар – гиромидошти бузургони худро ба сурати ёдгорӣ бо гулгузорӣ зери ҳайкалҳо пос медоранд ва дар арафаи Наврӯз шабҳои эҷодии шоирону адибонро бо иштироки шогирдон ва меҳмонони аз дуру наздик баргузор менамоянд».
Алии Деҳбошӣ дар маҷаллаи «Бухоро» чунин овардааст: «Хушбахтона, имсол Наврӯзи ман дар Тоҷикистон гузашт ва дар ин ҷашни бошукӯҳ намояндагони форсизабонони тамоми ҷаҳон гирд омада буданд. Дар доираи сафарам дар Симпозиуми илмии байналмилалӣ бахшида ба Наврӯзи ҷаҳонӣ дар шаҳри Душанбе-пойтахти Тоҷикистон, ки бо иштирок ва суханронии пурмуҳтавои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле ҷолиб гузашт ва дар он олимону пажӯҳишгарони тоҷик, меҳмонони хориҷӣ, донишмандону муҳаққиқони 15 кишвари ҷаҳон иштирок варзиданд, ширкат кардам. Дар ҳамоиш суннатҳои ҷомеасозиву инсонсозии Наврӯз дар замони муосир дар арафаи ҷашни ҷаҳонии Наврӯз ва масоили назарии омӯзиши таъриху фалсафа, таҷассуму бозтоби ғояҳои Наврӯз дар адабиёти ҷаҳон, мусиқӣ дар ҳавзаи кишварҳои Наврӯз ва Шоҳроҳи бузурги Абрешим мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Иштирокдорони Ҳамоиш аз сатҳи баланди пешвоз ва истиқбол намудани меҳмонон дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон ва барномаҳои фарҳангии наврӯзии Тоҷикистон дар шигифт афтоданд ва минатдории худро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мардуми шарафманди Тоҷикистон ва Иттифоқи нависандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуданд».
Мавриди зикр аст, ки ду нафар адиби афғонитабори муқими шаҳри Машҳади Ҷумҳурии исломии Эрон Муҳаммадкозими Козимӣ ва Зайнаб Баёт таассуроти сафари худ ба Тоҷикистон дар шакли китоб бо номи «Сафарнома аз Наврӯзи Тоҷикистон», ки дарбаргирандаи ойину тантанаҳои Наврӯзи Тоҷикистон, пос доштани фарҳанг ва суннатҳои наврӯзӣ, бунёди маконҳои боҳашамат, рушди Тоҷикистон, андешаҳои ҳамватанони бурунмарзӣ бо аксҳои ҷолиб аз ин ҷашнвора мебошанд, барои нашр манзур намудаанд.

 

Апрель 15, 2016 11:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Моҳи октябр дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ доир мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон баргузор мегарданд
Дар Рим Намоишгоҳи байналмилалии «Тоҷикистон – кишвари ёдгориҳои нодир» ташкил карда мешавад
Ба ифтихори дохил гардидани Резервати биосферии Ромит ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои биосферии ЮНЕСКО конфронс доир шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
«ТОҶИ СОМОН». Марҳилаи интихоби беҳтарин филмҳо барои синамоҷоизаи миллӣ оғоз гардид
Котиби генералии Ассамблеяи парламентии Осиё дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ «Тамаддуни ориёӣ ва рисолати таърихии миллати тоҷик» нашр шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар вилояти Суғд 152 иншооти фарҳанг бунёд ва таъмиру таҷдид гардидааст
Иштирокдорони Конфронси байналмилалии «Рӯдакӣ – эҳёгари андеша ва фарҳанги миллӣ» Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо намуданд
«РӮДАКӢ — ЭҲЁГАРИ АНДЕША ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ доир шуд
«Нақши Пешвои миллат дар эҳё ва муаррифии тамаддуни ориёӣ». Таҳти чунин унвон маҳфили «Тоҷикшиносӣ» доир шуд