Васеъ ба роҳ мондани соҳибкории истеҳсолии хурду миёна бо истифодаи ашёи хоми ватанӣ

Апрель 12, 2016 16:08

Душанбе, 12.04.2016 /АМИТ «Ховар/. Дар Ҷаласаи XVI Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода доир гардид, роҳбари ҶДММ «Мадина ва ҳамкорон» Набот Додхудоев оид ба фаъолияти бахши хусусӣ бобати иҷрои супоришҳои протоколи ҷаласаҳои қаблии шӯро, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ба таври васеъ ба роҳ мондани соҳибкории истеҳсолии хурду миёна бо истифодаи ашёи хоми ватанӣ, азхудкунии сарватҳои табиӣ ва истеҳсоли моли ниҳоӣ аз онҳо, пурра ба коркард фаро гирифтани меваю сабзавоти дар кишвар истеҳсолшаванда андешаҳои худро баён намуд.
Оид ба натиҷаҳои фаъолияти гурӯҳи корӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва рушди тиҷорати аграрӣ вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Изатулло Сатторӣ гузориш дод. Аз ҷумла, ҳисоботи гурӯҳи корӣ бо тавсияҳои мушаххас ва лоиҳаи нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати мамлакат оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва рушди тиҷорати аграрӣ муаррифӣ карда шуд.
Роҳбари Ассотсиатсияи агробизнеси Тоҷикистон Ш. Шораҳматов оид ба як қатор масъалаҳои соҳа ибрози назар намуд. Аз ҷумла, вобаста ба лоиҳаи «Дастурамал дар бораи баҳисобгирии муҳосибавӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ)-и хурд, миёна ва калон» зикр карда шуд, ки ҷорӣ намудани он фаъолияти хоҷагиҳои деҳқониро боз ҳам мушкил гардонида, ба самаранокии фаъолияти кишоварзӣ таъсири манфӣ мерасонад. Ҳуҷҷати мазкур хароҷоти иловагиро ба миён оварда, таваҷҷуҳи соҳибкорон ва сармоягузоронро ба фаъолияти кишоварзӣ коҳиш хоҳад дод.
Вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар Неъматулло Ҳикматуллозода оид ба натиҷаҳои таҳлили пешакии мушкилиҳои низоми андозбандӣ ва роҳҳои ҳалли он гузориш дод.
Дар ин замина бо мақсади таъмини рушди бемайлони фаъолияти соҳибкориву сармоягузорӣ як зумра тавсияҳо барои беҳтар намудани сиёсати андоз ва маъмурикунонии он пешниҳод гардид.
Котиби масъули шӯро Қодири Қосим масъалаи беҳтар намудани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ дар соҳаи нақлиётро барои баррасӣ дар ҷаласаи ояндаи Шӯрои машваратӣ пешниҳод намуд, ки он аз ҷониби аъзои шӯро дастгирӣ ёфт.
Вобаста ба масъалаҳои дахлдори ҷаласа намояндагони бахши хусусӣ ва шарикони рушд низ сухан гуфтанд.

Апрель 12, 2016 16:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид