Занони соҳибкори Осиёи Марказӣ: таҷриба, мушкилот ва дурнамои инкишоф
Душанбе, 8.04.2016 / АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар шаҳри Душанбе мизи мудаввар таҳти унвони «Занони соҳибкори Осиёи Марказӣ: таҷриба мушкилот ва дурнамои инкишоф» доир гардид. Лоиҳаи USAID оид ба ҳамкории минтақавии иқтисодӣ, бо дастгирии бевоситаи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ ва Палатаи савдо ва саноатии Ҷумҳурии Тоҷикитсон дар ҳамкорӣ бо бизнес-Ассотсиатсияи занони Осиё ташкил шудааст.
«Мо имрӯз аз он мефахрем, ки сафи занони соҳибкор дар кишвари мо рӯз аз рӯз зиёд гашта истодааст»- изҳор дошт Сабоҳат Раҳимзода, раиси Ассотсиатсияи миллии занони соҳибкори кадбону.
«Боварии комил дорам, он тавсияҳое, ки дар ин мизи мудаввар ироа мегарданд, як такон барои рушди соҳаи соҳибкории бонувон мешавад. Дар ин ҷо барномаи хуби дигар, намоишгоҳи маҳсулоти бонувон ташкил карда шудааст, ман боварӣ дорам, ки бонувони мо барои тарақиёти иқтисоди ҷумҳурии мо кӯшишу ғайрат мекунанд ва саҳми худро мегузоранд».
Зебогул Ойматова, раиси Федератсияи гурӯҳи занони шаҳри Ваҳдат яке аз соҳибкорзани фаъол буда, дар ин конфронс иштирок дошт. Номбурда зимни баромади худ изҳор намуд.- «Ташриф овардани ман ба ин ҷо ин аст, ки ман мақсад дорам як лоиҳаро тарҳрезӣ кунам, яъне пашми гӯсфандонро коркард карда, аз онҳо болишту кӯрпаву кӯрпача омодо кунам. Имрӯз худатон шоҳид ҳастед, ки курпаҳои аз кишварҳои хориҷ оварда синтепон аст ва зарар ҳам дорад. Мо имрӯз метавонем маҳсулоти дастии худро бо кумаки ҳукумати кишвар ва Асотсиатсияи «Занони соҳибкор» пеш барем».
Ёдовар мешавем, ки дар мизи мудаввар 60 нафар занони соҳибкор аз кишварҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Афғонистон ширкат намуда, якчанд лоиҳаҳои худро матраҳ намуданд.




















Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе






