3 май- Рӯзи байналмилалии озодии баён
Душанбе, 03.05.2016. /АМИТ «Ховар»/. «Озодии баён: мушкилот ва дурнамо» -таҳти чунин унвон имрӯз, 3 май бахшида ба Рӯзи байналмилалии озодии баён конфронси ҷумҳуриявӣ ба кори худ оғоз кард. Мақсад аз конфронс таҳлили дастовард, мушкилот ва пешомадҳои ВАО дар Тоҷикистон дар як соли охир ва таҳияи тавcияҳо барои рушди озодии матбуот дар кишвар мебошад.
Дар конфронс беш аз 80 намояндагони ВАО, мақомоти давлатӣ, созмонҳои рӯзноманигорӣ ва ҳимояи ҳуқуқи онҳо, ташкилотҳои байналмилалӣ ширкат доранд.
Раиси Шӯрои ВАО Хуршед Ниёзов масъалаҳои асосии расонаҳо ва журналистонро дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дод.
Дар конфронс иштирокдорони масъалаҳои дастрасӣ ба ахбор, камбудии журналистони ҳирфавӣ дар шароити афзоиши хатарҳои амниятӣ, тағйирёбии шакл ва пешниҳоди матлаб дар ВАО ва мушкилоти асосии расонаҳои минтақавии Тоҷикистонро таҳлил ва баррасӣ хоҳанд кард.
Хотиррасон менамоем, ки бино ба гузориши Freedom House «Озодии матбуот-2016», Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба озодии матбуот дар байни дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ яке аз ҷойҳои аввалро ишғол менамояд.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






