“Ҷаҳони тоҷикон дар “Шашмақом” аст”, “Айнӣ руҳонӣ набуд”  – шарҳи матбуот

Май 12, 2016 17:21

Душанбе, 12.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Шумораи рӯзи шанбеи нашрияи расмии “Ҷумҳурият” (07.05.2016, №88) бо суханони зерини  Сарвари давлат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз шудааст: «Мо ҳамеша таъкид месозем, ки шуҷоату диловарии фарзандони баору номуси мо дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон намунаи ибрати ватандӯстӣ ва сабақи беҳтарини мардонагиву ватандорӣ барои наслҳои имрӯзу оянда мебошад». Дар шумораи мазкури нашрия ҳамчунин мақолаҳои ҷолиб дар бораи қаҳрамониҳои иштирокдорони Ҷанги дуюми ҷаҳон аз Тоҷикистон ва хотираҳои нек аз ҳаёти душвори деҳоти ҷумҳурӣ, ки ақибгоҳи боэътимоди фронти ҷанг ба шумор мерафт, пешкаши хонандагон шудаанд.

Мавзӯи Ҷанги дуюми ҷаҳон дар шумораи рӯзи душанбегии “Ҷумҳурият” (09.05.2016, №89) бо матни суханони Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти сарлавҳаи “Пешвои миллат: “Диловарии фарзандони баору номус ҳамеша намунаи ибрат хоҳад буд”  идома ёфтааст. Навиштаҳои “Қарзи фарзандӣ”, “Ҳошим Гадо – чеҳраи мондагор ва шахсияти фидокор, “Тоҷикистон муваффақона рушд меёбад” дар ҳамин шумораи нашрия чоп шудаанд.

Шумораи дирӯзаи нашрияи расмии мамлакат “Ҷумҳурият” (11.05.2016,№90) аз хабару гузориши муфассал бахшида ба сафари расмии Раисиҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, ки рӯзҳои 10-11 майи соли равон баргузор гардид, матни Эъломияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар бораи густариш ва таҳкими муносибатҳои дуҷониба, Изҳороти матбуотӣ аз мулоқоту музокироти ҳайатҳои олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва дигар мақолаҳои рӯзмарра иборат аст.

Нашрияи парлумонии “Садои мардум” (07.05.2016,№59-60) аз Иҷлосияи шашуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум бо сарлавҳаи “Маҷлиси миллӣ қонунҳоро ҷонибдорӣ ва оид ба бозхонду интихоби судяҳо қарорҳо қабул кард” гузориши муфассал чоп карда, матни бо Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ шудани фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро пешкаши хонандагон намудааст. Ҳамчунин дар ин шумораи нашрия аз ифтитоҳ шудани бинои нави истиқоматӣ ва Кохи афсарон барои хизматчиёни ҳарбӣ бо иштироки Пешвои миллат хабари муфассал нашр шуда, мақолаҳои “Сержанте, ки ҳамнишини генерал шуд”, “Се қаҳрамон аз як ноҳия”, “Корнамоии занони тоҷик дар Ҷанги бузурги ватанӣ” ва лавҳаи “Зиндагӣ бо бӯи шинел” дарҷ шудаанд.

Шумораи имрӯзаи “Садои мардум” (12.05.2016,№61) аз мулоқоти Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо Раисиҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ хабар ва аз баргузор шудани ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориш чоп кардааст.

Нашрияи русзабони “Народная газета” дар шумораи инҳафтаина мақолаҳои “Сарҳад ба муносибати неки ҳамсоягӣ халал намерасонад”, “КАСА — 1000”,  “Истиқлол (Табошар) – афсона ва ҳақиқат”, “Ғалабаи бобо ғалабаи ман аст”, “Ҳарби ту абадист, қаҳрамон”, “Сутуни саҳна” ва хабарҳои ҷолибро аз Тоҷикистон ва кишварҳои минтақа нашр кардааст.

Минбари эҷодкорони Тоҷикистон “Адабиёт ва санъат” бахшида ба Рӯзи “Шашмақом”, ки дар ҷумҳурӣ ҳамасола 12-уми май ҷашн гирифта мешавад, бо сарлавҳаҳои “Ҷаҳони тоҷикон дар “Шашмақом” аст”, “Мушкилоти кунунии “Шашмақом”, “Ҳалқаҳои занҷири тиллоӣ” мақолаҳо нашр карда, дар саҳифаи наср ҳикояи Мансур Суруш “Ҳалвои оштӣ” ва мусоҳибаи хабарнигори “Ховар”-ро бо Нависандаи халқии Тоҷикистон, Лауреати мукофоти ба номи Рӯдакӣ муаллифи осори мондагор Саттор Турсун бо сарлавҳаи “Ватанро беш аз пеш дӯст дорем” ҷойгир кардааст.

Нашрияи “Ҷавонони Тоҷикистон” аз пирӯзии варзишгарони тоҷик дар аввалин Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни донишҷӯён хабар нашр карда, мақолаи таҳлилии “Давлати исломӣ” ягон касро мазҳабӣ накардааст”-ро пешкаши хонандагон намудааст. Муаллиф Ҳасан Азизов навиштааст: “Яке аз сабабҳои асосии паҳншавии ғояҳои ифротии созмону ҳаракатҳои динӣ-экстремистӣ, пеш аз ҳама ташкили мактабу гурӯҳҳои ғайрирасмии динӣ аз тарафи баъзе рӯҳониёне мебошад, ки омӯзиши ғайриқонунии рукнҳои исломро барои наврасон ба роҳ мондаанд”. Мақолаи дигари ҳафтанома “Айнӣ руҳонӣ набуд”, дар мавзӯи мубориза байни илм ва хурофоти динӣ навишта шудааст.

“Фараж” дар шумораи навбатӣ мақолаҳои “Девҳои маст”, “Тӯйи сурх” дар Душанбе пешгирӣ карда шуд”, “Мушкилӣ дар китобхонаҳо”, “Сирки давлатӣ аз буҳрони иқтисодӣ баромадааст”-ро нашр намудааст.

Нашрияи “Миллат” бо сарлавҳаи “Шарқи исломӣ” мақолаи ходими илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳматулло Абдуллоевро нашр кардааст. Муаллиф нақши омили динӣ-сиёсӣ дар низоъҳои мусаллаҳонаи кишварҳои Шарқ, вазъияти динӣ дар кишварҳои Эрону Афғонистонро мавриди таҳлил қарор додааст, саволгузорӣ кардааст, ки чаро бо номи дин амалҳои ғайридинӣ содир мегарданд. Ҳамчунин дар нашрияи мазкур мақолаи “Нигаронӣ аз нуфузи салафиҳо ва таҳририҳо дар масҷидҳои Кобул” бознашр шудааст.

Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” мақолаи А.Аҳмадзодаро бо номи “Рақси сарбоз дар Дарвоз” нашр кардааст. Муаллиф таассуроти худро аз сафар ба ноҳияҳои Бадахшон пешкаши хонандагон намудааст: “Бори аввал дар ноҳияе будам, ки марказаш ҳамагӣ сӣ метр аз кишвари солҳо ҷангзадаи ҳамсоя дурӣ дорад. Дар як соҳил хонаҳои гилин бо болопӯши хокӣ, дар соҳили дигар иморатҳои барҳавою коттеҷҳои замонавӣ бо болопӯшҳои рангаи фузулӣ, дар як соҳил роҳи ҳамвору қирпӯш, дар соҳили дигар роҳе, ки аз он танҳо маркаб убур карда метавонад…”.

Нашрияи марказии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон “Минбари халқ” бахшида ба маросими оғози татбиқи лоиҳаи бунёди хатти интиқоли неруи барқи баландшиддат аз Осиёи Марказӣ ба Осиёи Ҷанубӣ бо сарлавҳаи “САSА-1000” – лоиҳаи бузурги минтақавӣ» мақолаи таҳлилӣ нашр кардааст. Муаллифи мақола С.Абдулазиз навиштааст: “Тоҷикистон аз кишварҳои асосӣ дар иҷрои ин тарҳ дониста мешавад. Мо бо ширкати фаъол дар он ба унвони кишвари содиркунандаи нерӯи барқи аз лиҳози экологӣ тоза ба кишварҳои минтақаи Осиёи Ҷанубӣ шинохта хоҳем шуд. Иҷрои лоиҳаи “CASA-1000” на фақат барои рушди истиқлоли энергетикӣ мадад мерасонад, балки дар ҷиҳати татбиқи лоиҳаи корхонаҳои дигари дорои аҳамияти минтақавӣ ҳам хидмат хоҳад кард”.

Навиштаҳои “Аҳзоби Тоҷикистону Хитой ҳамкориҳоро густариш медиҳанд”, “Миллати солим дар ҷомеаи солим аст”, “Раъйпурсӣ: Ифодаи ирода ва ҳуқуқҳои сиёси мо”, “Андар эҳёи забони миллат” – аз тарафи хонандагони нашрия хуш пазируфта хоҳанд шуд.

 

Май 12, 2016 17:21

Хабарҳои дигари ин бахш

«ДӮСТ ОЯД, ГАРМ ДАР ОҒӮШ ГИР». Ҷавонони фаъоли Тоҷикистон бо корхонаҳои саноатӣ ва мавзеъҳои фарҳангии ноҳияи Рӯдакӣ шинос гардиданд
«ТОҶИКИСТОН-2024». Дар Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ 65 ширкату корхонаи ватанию хориҷӣ маҳсулоташонро муаррифӣ менамоянд
Раёсати ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Кӯлоб соҳиби бинои замонавӣ мегардад
МАРОТИБАИ АВВАЛ. Дар Тоҷикистон намоиши асарҳои бо мех офаридаи рассоми олмонӣ баргузор мешавад
Дар семоҳаи якуми соли 2024 дар ноҳияи Фирдавсӣ 683 шаҳрванд ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пайвастанд
Дар шаҳри Душанбе шабакаи байналмилалии беморхонаҳо «АҷиБадем» ифтитоҳ гардид
Шиносоӣ аз наздик. Муштариёни шаҳри Душанбе меҳмони оператори худ шуданд
Сафири ИМА зимни мулоқот дар водии Рашт самтҳои ҳамкории дуҷонибаю имконоти рушдро баррасӣ намуд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Доир ба баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии кормандон ҳамоиш гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Кишоварзони ноҳияи Ёвон дар 7500 гектар пунбадона кишт намуданд
Дар Донишкадаи саноат ва хизматрасонӣ доир ба инкишофи фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ конференсия доир шуд