Ҳама гуна тағйирот барои беҳбудии миллат аст
Душанбе, 20.05.2016/АМИТ «Ховар»/. Ҷомеаи ҷаҳонӣ дар давраи ҷаҳонишавӣ зарурати муносибатҳои нави сиёсию иҷтимоиро пеш овардааст, ки ҳар як давлат бо назардошти худ онҳоро роҳандозӣ мекунад. Албатта, ин муносибатҳо танҳо дар сурати доштани истиқлолияти миллию давлатӣ имконпазир мегарданд. Яъне, дар ин раванд аз ҳама муҳим доштани истиқлолияти сиёсӣ мебошад. Дар сурати надоштани истиқлолияти сиёсӣ ягон миллат наметавонад муносибатҳои сиёсиро муайян кунад. Албатта, нишонаи истиқлолияти давлатӣ, пеш аз ҳама, дар асоси меёрҳои байналмилалӣ ва дохилӣ таҳия ва тасдиқи Сарқонуни кишвар мебошад. Кишвари Тоҷикистон дар баробари кишварҳои дигари Осиёи Миёна дар баробари ба даст овардани истиқлолият матни комили Сарқонуни худро таҳия ва тасдиқ намуд.
Дар таҷрибаи ҳаётӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба он, яъне ба матни асосии он як амали муқаррарӣ мебошад, зеро ҳаёти мардум ин раванди шахшуда набуда, вобаста ба талаботи ҳаёти ҷомеа қонунгузорӣ такмил дода мешавад. Ин нишони болоравии худшиносии миллӣ буда, таваҷҷуҳи ҷомеаро ба таъриху фарҳанги гузаштаи худ ва заминагузорӣ барои ояндаи он равона месозад. Эҳёи арзишҳои таърихӣ-фарҳангӣ яке аз муҳимтарин заминаҳои маънавии истиқлолияти миллию давлатӣ ба ҳисоб меравад.
Бинобар ин дар айни замон баҳсу мунозираҳо дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Сарқонуни ҶТ як амали муқаррариянд. Яъне, барои ҷомеа ояндаи онҳо беарзиш набуда, баръакс чунин равандҳо барои рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ имконият медиҳанд, ки мулоҳизаҳои некро баён созанд. Вале фикрҳои муғризонаи баъзе гурӯҳҳои ифротгарои сиёсӣ ин раванди давлатсозиро таҳқир карда, онро гӯё поймол кардани ҳуқуқи шаҳрвандон меҳисобанд. Албатта, барои баъзе қудратҳои ҷаҳонӣ давлатдории мустаҳкам ва соҳибихтиёри Тоҷикистон мавриди қабул нест. Бинобар ин, ҳама гуна иқдоми сиёсиро амали манфӣ нишон дода, дар миёни мардум аз тариқи интернет иғвоҳоро паҳн мекунанд. Дар ҳар сурат мардуми тоҷик давраи иғвои соли 1990-ро аз сар гузаронид ва имрўз хеле зирак ва ботаҷриба шудааст.
Аз ин рў, ҳама гуна тағйиру иловаҳо, пеш аз ҳама, бо назардошти манфиати миллат ва давлат тарҳрезӣ мешаванд. Хусусан ворид намудани тағйирот дар мавриди синну сол барои иштирок дар маъракаҳои сиёсӣ иқдоми хеле муҳим аст ва ин имконият медиҳад, ки ҷавонон қобилияти худро дар майдони сиёсӣ санҷида, донишҳои андўхтаи худро барои беҳбуди ҷомеа амалӣ намоянд.
Карими Мирзо
ҳуқуқшинос








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






