Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд аз устод Лоиқ Шералӣ ёд карданд
Душанбе, 21.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бахшида ба 75-солагии зодрӯзи Шоири халқии Тоҷикистон, устод Лоиқ Шералӣ бо иштироки устодону донишҷӯён ва алоқамандони ашъори ин шоири шаҳир конфронси илмию адабӣ баргузор шуд.
Тавре ки аз донишгоҳи мазкур хабар доданд, ректори донишгоҳ Анвар Мақсудов зикр кард, ки Шоири халқии Тоҷикистон устод Лоиқ Шералӣ аз ҷумлаи суханварони маъруфи нимаи дуюми асри XX ба шумор меравад. Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ба гиромидошти хотираи ин шоири шаҳир корҳои зиёдеро ба субут расонидааст. Аз ҷумла, ҷашни 60 ва 70-солагии шоири зиндаёд дар сатҳи баланд таҷлил гардиданд. «Куллиёт»-и шоир ду маротиба дар Тоҷикистон ба хатти кириллӣ ва як маротиба дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ба хатти форсӣ нашр гардид.
Инчунин дар конфронс дар мавзӯъҳои «Ҳунари шоирии устод Лоиқ Шералӣ», «Лоиқ Шералӣ ва муҳити адабиву фарҳангии нимаи дувуми асри XX» маърӯзаҳо шунида шуданд.
Донишҷӯён ва устодони факултаи санъат аз ашъори шоир таронаҳо суруданд.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






