Дар Файзобод бахшида ба 25-солагии Истиқлолият озмуни «Андалеб-2016» доир гардид
Файзобод, 18.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади дарёфти чеҳраҳо ва истеъдодҳои нав дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2016» бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардидааст, ки ба он бештар ҳаваскорон ва ҳунармандони халқӣ ҷалб гардида, маҳорату истеъдоди хешро намоиш медиҳанд.
Дирӯз ҳаваскорони ноҳияи Файзобод дар филармонияи халқии ноҳия ҳунару маҳорати хешро пешкаши тамошобинон гардонданд. Санъаткорони ноҳияи мазкур аз рӯи ҳамаи шартҳои озмун аз ҳайати ҳакамон ва тамошобинон баҳои баланд гирифтанд.
Дар пешниҳоди либос гулдухтарони Файзобод фарҳангу таърихи қадимии миллати тоҷикро муаррифӣ намуданд, ки писанди ҳамагон гардид.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






