Ду ҳафта муҳлат барои аз байн бурдани иншооти ғайриқонунии ёрирасон
Душанбе, 12.05.2016./АМИТ «Ховар»/.Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе натиҷаи фаъолияти дуҳафтаинаи гурӯҳҳои кории ноҳияҳои шаҳрро нокифоя арзёбӣ намуд.
Дар иртибот ба ин ба гурӯҳҳои корӣ дастур дода шудааст, ки дар тӯли ду ҳафта дар ҳамкорӣ бо мақомоти марбутаи ҳифзи ҳуқуқ барои аз байн бурдани ҳолатҳои ошкоргардидаи ғасбу худсарона иҳота намудани қитъаҳои замини назди биноҳои бисёрошёнаи ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо ва бунёди иншооти ғайриқонунию ёрирасони ба фарҳанги шаҳрнишинӣ бегона, инчунин ободонии биноҳо, роҳу ҳудуди маҳалҳо ва каналу селпартоҳо тадбирҳои таъхирнопазир андешанд.
Бояд тазаккур дод, ки гуруҳҳои корӣ дар доираи 130 рӯзи ободонии пойтахт дар иртибот ба омодагии ҳамаҷониба ба таҷлили сазовору пуршукӯҳи ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе аз 26 апрели соли равон таъсис дода шудаанд.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






