Хуҷанд : Бунёди 72 иншоот ба ифтихори 25- солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон
Хуҷанд, 04.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар маркази вилояти Суғд- шаҳри Хуҷанд мутобиқ ба нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бахшида ба ҷашни бузурги кишвар- 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 72 иншоот ба истифода дода мешавад. Аз ҷумла, 20 корхонаи саноатӣ, 20 хонаи истиқоматии баландошёна бо марказҳои савдо, 1 мактаб, 3 кӯдакистон, 2 толори варзишӣ, 22 майдончаи варзишӣ, 4 майдони футболи хурд, 1 меҳмонхонаи 5 ситорагӣ ва инчунин бинои 9 ошёнаи хизматӣ барои кормандони соҳаи буҷетӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ба истифода дода мешаванд.
Тавре масъулин аз мақомоти шаҳри Хуҷанд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, аз аввали сол то ин дам 6 коргоҳи нави хурду миёнаи истеҳсолӣ бо ташкили 110 ҷои корӣ ба фаъолият шурӯъ карда, шумораи умумии онҳо ба 166 адад расонида шудааст. Инчунин дар ин радиф, 3 адад иншооти коммуналӣ ва иҷтимоӣ, 5 адад майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуда, дар самти ободонӣ ва сарсабзгардонии кӯчаву хиёбонҳои шаҳр ба маблағи 166,7 ҳазор сомонӣ корҳо иҷро гардидаанд.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






