Нериё Аминов тамоми умри пурбаракати хешро сарфи хидмат ба мардум намудааст
Душанбе, 30.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз бо ташаббуси Асосгузори сулҳу- Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Фонди ба номи Нериё Аминови шаҳри Ню- Йорк дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба 100-солагии ҳунарманди машҳури санъати касбии мусиқии тоҷик Шашмақом- Нериё Аминов барномаи консертӣ бо иштироки зиёди меҳмонон ва беҳтарин шашмақомсароён баргузор гардид.
Зимни барномаи консертӣ Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода паёми табрикотии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳозирин расонида, иброз намуд: «Чорабиние, ки имрӯз баргузор мегардад, бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат роҳандозӣ шудааст».
Абдуҷаббор Раҳмонзода аз ҷумла зикр намуд, ки соли гузашта Сарвари кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи Шашмақом иштирок намуда, таассуроти худро оид ба Шашмақом, аҳамияту арзишҳои ин санъати классикӣ баён намуданд ва ҳачунин пешниҳоди таҷлили ҷашни 100- солагии бузургтарин шашмақомсарои тоҷик- Нериё Аминовро пазируфта, имрӯзро Рӯзи Нериё Аминов, бузургдошти ин чеҳраи барҷастаи мусиқӣ ва гиромидошти Шашмақом эълон намуданд.
Нериё Аминов соли 1916 дар шаҳри Душанбе ба дунё омада, аз зумраи ҳунармандони саршиноси санъати касбии мусиқии тоҷик маҳсуб мешавад, зеро номбурда тамоми умри пурбаракати хешро сарфи хидмат ба мардум кардааст.








Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад
ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад






