Нериё Аминов тамоми умри пурбаракати хешро сарфи хидмат ба мардум намудааст

Май 30, 2016 16:57

Душанбе, 30.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз  бо ташаббуси Асосгузори сулҳу- Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Фонди ба номи Нериё Аминови шаҳри Ню- Йорк  дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба 100-солагии ҳунарманди машҳури санъати касбии мусиқии тоҷик Шашмақом- Нериё Аминов барномаи консертӣ бо иштироки зиёди меҳмонон ва беҳтарин шашмақомсароён баргузор гардид.
Зимни  барномаи консертӣ Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода паёми табрикотии Асосгузори сулҳу  Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳозирин расонида, иброз намуд: «Чорабиние, ки имрӯз баргузор мегардад, бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат роҳандозӣ шудааст».
Абдуҷаббор Раҳмонзода аз ҷумла зикр намуд, ки соли гузашта Сарвари кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи Шашмақом иштирок намуда, таассуроти худро оид ба Шашмақом, аҳамияту арзишҳои ин санъати классикӣ баён намуданд ва ҳачунин пешниҳоди таҷлили ҷашни 100- солагии бузургтарин шашмақомсарои тоҷик- Нериё Аминовро пазируфта, имрӯзро Рӯзи Нериё Аминов, бузургдошти ин чеҳраи барҷастаи мусиқӣ ва гиромидошти Шашмақом эълон намуданд.
Нериё Аминов соли 1916 дар шаҳри Душанбе ба дунё омада, аз зумраи ҳунармандони саршиноси санъати касбии мусиқии тоҷик маҳсуб мешавад, зеро номбурда тамоми умри пурбаракати хешро сарфи хидмат ба мардум кардааст.

Май 30, 2016 16:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад