Неруҳои амниятии Тунис узви як дастаи террористиро боздошт карданд
Душанбе, 16.05.2016 / АМИТ «Ховар» /. Неруҳои амниятии Тунис рӯзи якшанбе дар қисмати ҷанубу шарқи кишвар дар наздикии шаҳри Сфакс узви як дастаи террористиро боздошт карданд. Дар ин бора радиои Тунис «Шамс FM» иттилоъ дод.
Бино ба гуфтаи манбаъ, ин гурӯҳи ҷиноятпеша гузаронидани ҳамлаҳои террористиро дар ҳудуди кишвар ба нақша гирифта буд. Дастаи террористӣ, ки дар музофоти сайёҳии Нобел фаъолият мекард, аз 11 нафар иборат буд, ки аксари онҳо дар кофтуков қарор доштанд, шарҳ дод радио.
Дар айни замон дар бисёр минтақаҳои кишвар амалиёти зиддитеррористӣ анҷом дода мешаванд. Дар саросари кишвар вазъияти фавқулодда амал менамояд. Рӯзи 13-уми май аз Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд, ки неруҳои амниятии Тунис 37 нафарро дастгир кардаанд, ки ба доштани робита бо гурӯҳҳои террористӣ, аз ҷумла ДИ айбдор карда мешаванд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд






