Пирӯзии шашуми «Истиқлол» дар мусобиқаи Лигаи олӣ

Май 16, 2016 11:36

Душанбе,16.05.2016/АМИТ «Ховар»/. 14-15 май бозиҳои даври шашуми мусобиқаи қаҳрамонии лигаи олии футболи Тоҷикистон барпо гардиданд. Дар ду бозӣ мизбонон, дар дутоаш меҳмонон ғолиб омаданд ва як бозӣ бо ҳисоби мусовӣ хотима ёфт. Дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе, ки дар майдони худ бар тими «Вахш»-и Қурғонтеппа бо ҳисоби калони 6:3 пирӯз шуд, бо 18 имтиёз дар ҷадвали мусобиқа дар мақоми аввал аст. «Истиқлол» ягона дастаест, ки бохт надорад.
Дастаи футболи «Хайр»-и Ваҳдат дар меҳмонӣ тими «Хуҷанд»и-Хуҷандро бо ҳисоби калони 5:1 шикаст дод, бо 11 имтиёз дар ҷойи дуюм мебошад.
Тими «Ҳосилот»-и Фархор, ки бозиро бо дастаи мизбон — «РегарТадАЗ»-и Турсунзода бо ҳисоби мусовии 2:2 анҷом дод, бо 10 имтиёз ҷойи сеюмро касб кардааст.
Дар ду бозии дигари даври шашум дастаи футболи ССКА «Помир»-и Душанбе дар майдони худ «Равшан»-и Кӯлобро бо ҳисоби 3:1 ва «Барқчӣ»-и Душанбе дар сафар дастаи «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуровро бо ҳисоби 2:1 мағлуб карданд.

Май 16, 2016 11:36

Хабарҳои дигари ин бахш

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад