Прокуратураи Суғд 134 ҳолати хариду фурўши ғайриқонунии қитъаҳои заминро ошкор кард
Хуҷанд. 25.05.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар давраи соли 2015 ва 4 моҳи соли равон аз ҷониби кормандони прокуратураи вилояти Суғд 134 ҳолати ғайриқонунии хариду фурўши қитъаҳои замин аз ҷониби шаҳрвандон бо роҳи қаллобӣ муайян ва ашхоси гунаҳкор ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд. Ҳамчунин дар ин давра 505 нафар шаҳрвандон, ки дар асоси қарорҳои раисони шаҳру ноҳияҳо ҳамчун эҳтиёҷманд барои гирифтани қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба рўйхат гирифта шуда буданд, бинобар воқеан эҳтиёҷманд набуданашон дар асоси санадҳои эътиноии прокурорӣ аз рўйхати эҳтиёмандон хориҷ карда шуданд.
Ин нукта зимни ҷаласаи ҳайати мушовара оид ба натиҷаи санҷишҳо вобаста ба ҳолати иҷрои қонунгузории замин ва меъморию шаҳрсозӣ дар соли 2015-ум ва 4 моҳи соли равон бо иштироки муовини раиси вилоят Ориф Хоҷазода ва прокурори вилояти Суғд Ҳабибулло Воҳидов баён гардид.
Тибқи маълумоти Амир Зайниддинзода — сардори шуъбаи назорати умумии прокуратураи вилоят, ҳамчунин дар ин давра дар вилоят дар маҷмўъ 8995 гектар замини корам аз гардиши кишоварзӣ берун мондаанд, ки аз он 5704,7 га бинобар нарасидани оби полезӣ ва 2481,5 гектар бо сабаби фаъолияти ғайриқаноатбахши хоҷагидорӣ аз ҷониби заминистифодабарандагон ба амал омадааст.
Ғайр аз ин дар давраи соли 2015 ва 4 моҳи соли равон дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳолатҳои бархилофи талаботи қонунгузории замин, қоидаю меъёрҳои шаҳрсозӣ, бинокорӣ, нақшаи генералии маҳалҳо, қоидаҳои бехатарӣ ва зиддисўхтор, ҷудо ва вобаста намудани қитъаҳои замин аз ҷониби раисони шаҳру ноҳияҳо ҷой доштанд, ки дар натиҷа ба 253 адад чунин қарори ғайриқонунии вобаста ба замин эътироз оварда шуд.
Дар маҷмӯъ, дар ин давра аз ҷониби мақомоти прокуратураи вилоят вобаста ба қонунгузории замин бо қарорҳои прокуророн 194 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ ва 926 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд.








Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






