«Рӯзноманигор бояд такя ба ҳақиқату воқеият кунад»-бардошт аз конфронси ҷумҳуриявӣ

Май 3, 2016 15:54

Душанбе, 03.05.2016. /АМИТ «Ховар»/. «Масъалаи тарбия ва бозомӯзии мутахассисони соҳаи воситаҳои ахбори омма яке аз масъалаҳои муҳим мебошад, зеро он ҳамеша ба мутахассисони касбӣ ниёз дорад. Дарвоқеъ дар тарбия ва бозомӯзии рӯзноманигорон на танҳо донишгоҳҳои вобаста ба соҳаи журналистика, балки худи расонаҳои хабарӣ низ бояд саҳм гузоранд. Рӯзноманигорон бояд малакаи касбиашонро доимо такмил диҳанд»,-гуфт раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, директори Академияи ВАО Зинатулло Исмоилзода зимни конфронс бахшида ба Рӯзи озодии матбуот, ки имрӯз дар Душанбе таҳти унвони «Озодии баён: мушкилот ва дурнамо» доир гардид. Мақсад аз конфронс таҳлили дастовард, мушкилот ва пешомадҳои ВАО дар Тоҷикистон дар як соли охир ва таҳияи тавcияҳо барои рушди озодии матбуот дар кишвар мебошад.
«Сол ба сол вазъи озодӣ дар кишвар тадриҷан роиҷ мегардад. Озодии баён дар муҳити Тоҷикистон ҷанбаи ҳуқуқӣ пайдо кардааст ва дар Конститутсияи ҶТ дар моддаи 30 кафолат ба озодии баён ба ҳукми қонун даромадааст. Дар Тоҷикистон арзи ҳастӣ кардани навъҳои гуногуни матбуот худ нишонаи мавҷудияти озодии баён аст, зеро ин гуногунрангии нашрияҳо имкон медиҳад, ки ақидаҳои гуногун интишор гарданд. Паҳлуи дигари озодии баёнро низ мо набояд аз мадди назар дур кунем, ки он дар заминаи қонун амал кардан, фарҳанги миллиро тарғибу ташвиқ намудан ва ҳувияти миллиро пеш бурдан аст. Рӯзноманигор бояд такя ба ҳақиқату воқеият кунад. Барои ифшо кардани камбудӣ касе моро гунаҳкор намекунад, аммо ҳар амал дар чаҳорчӯбаи қонун ва этикаи рӯзноманигорӣ бояд сурат гирад»,- изҳори андеша кард профессор М.Муродӣ.
Иштирокдорони конфронс инчунин масъалаҳои дастрасӣ ба ахбор, камбудии журналистони ҳирфавӣ дар шароити афзоиши хатарҳои амниятӣ, тағйирёбии шакл ва пешниҳоди матлаб дар ВАО, мушкилоти асосии расонаҳои минтақавии Тоҷикистонро таҳлил ва баррасӣ намуданд.

Май 3, 2016 15:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд