«Рав чархи гардунро бигӯ, Лоиқ видоят карду рафт»-ҳамоиш дар Хатлон

Май 20, 2016 15:41

Душанбе, 20.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола 20 май дар саросари ҷумҳурӣ ба шарафи зодрӯзи адиби маъруфи адабиёти муосири тоҷик- Шоири халқии Тоҷикистон шодравон Лоиқ Шералӣ чорабиниҳои илмию адабӣ доир мегарданд.
«Рав чархи гардунро бигӯ, Лоиқ видоят карду рафт»-таҳти чунин унвон  бахшида ба 75- солагии ин шоири зиндаёд дар Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Шамсиддини Шоҳин ҳамоиши маърифатию фарҳангӣ доир гардид.
Дар маҳфил доираи васеи устодон, адибону олимон, донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Қурғонтеппа ба номи Носири Хусрав, хонандагони фаъоли мактабҳои таълимии шаҳр ва наздикони Лоиқ Шералӣ иштирок намуда, доир ба ҳаёту фаъолияти шоири шаҳири тоҷик  сухан ронданд.
Донишҷӯён ва хонандагон аз осори пурғановати Лоиқ Шералӣ мисраъҳои шеърӣ қироат намуда, ба ҳусни чорабинии маърифатӣ шукӯҳу таровати хосса зам намуданд.

Май 20, 2016 15:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд