“Реал” ва “Атлетико” дар финали лигаи чемпионҳои Аврупо
Душанбе, 5.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Ду клуби машҳури футболи Испания “Реал” ва “Атлетико” ба бозии ниҳоии Ҷоми чемпионҳои Аврупо роҳхат гирифтанд.
“Атлетико” дар сари роҳи худ клуби машҳури Олмон -“Бавария”-ро аз бозии ниҳоии Ҷоми чемпионҳои Аврупо маҳрум кард. Агар солҳои пешин “Реал” ва “Барселона” ин дастаро ба чунин ҳолат гирифтор карда бошанд, пас ин навбат дар бозии ҷавобии нимниҳоии Ҷоми чемпионҳои Аврупо “Атлетико”-и Мадрид дар варзишгоҳи “Алянс Арена”-и Олмон аз нав “Бавария”-ро моту мабҳут карда, аз натоиҷи ду бозӣ(1:0, 1:2) ба вохӯрии ниҳоӣ роҳхат гирифт.
Дар бозии ҷуфти дуввуми нимниҳоӣ- “Реал”-Мадрид ва “Манчестер Сити” дар варзишгоҳи “Сантяго Бернабеу” бо ҳам вохӯрданд. Бозии аввали ин дастаҳо дар Англия бо ҳисоби 0:0 ҷамъбаст шуда буд. Ин дафъа автоголи ягонаи Фернандо тақдири бозиро ба нафъи “Реал” ҳал кард.
Акнун 28 май дар варзишгоҳи “Ҷузеппе Меатса”-и Милан “Реал” ва “Атлетико”- намояндаи як кишвару як шаҳр дар бозии ниҳоӣ бо ҳам вомехӯранд.
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд






