Шаҳром Самиев муаллифи се голи “Помир” шуд
Душанбе, 5.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар бозиҳои даври сеюми Чемпионати мамлакат дар лигаи якум дастаҳои “Помир”-и Душанбе ва “Зарафшон”-и Панҷакент дар Варзишгоҳи марказӣ бо ҳам рақобат карданд. Ба хато роҳ додани бозингарон ба он оварда расонд, ки довар се нафар бозингарро аз майдон ронд.
Ба ҳамлагари “Помир” Шаҳром Самиев муяссар шуд, ки бо се голи задааш ғалабаи соҳибони майдонро таъмин кунад.
Дар натиҷа “Помир” баъди ин пирӯзӣ ба зинаи 2-юми ҷадвали мусобиқот баромад.
Дар зинаи аввали ҷадвал дастаи “Саройкамар”-и ноҳияи Панҷ қарор дорад. “Саройкамар” дар даври сеюм дар меҳмонӣ дастаи “Коммуна”-и Фархорро бо ҳисоби 2:0 мағлуб кард.
Дастаи “Панҷшер”-и ноҳияи Румӣ ин навбат дар меҳмонӣ аз тими “Канд”-и Конибодом бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрд ва бо 6 имтиёз ба зинаи сеюм фаромад.
Дастаи “Парвин” аввалин ғалабаашро дар лигаи аввал ба даст овард ва бар “Ваҳдат” бо натиҷаи 2:0 зафар ёфт.
Вохӯрии «Ҳулбук» бо «Исфара» бо ҳисоби 1:2 ва «Локомотив» бо «Чашма» бо ҳисоби 0:0 ҷамъбаст гардид.
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад






